Соли нави хониш кай сар мешавад?


Ҷамъомади навбатии Комиссияи вилоятии ҳолатҳои фавқулодда оид ба мубориза бар зидди эпидемия баргузор гардид.
Дар ҷамъомад зикр гашт, ки аз сабаби вазъияти пойдори эпидемиологӣ барои дар иди истиқлол ташкили тадбирҳои оммавию фарҳангӣ роҳ дода намешавад.
Инчунин, раиси комиссия, ҳокими вилоят Э.Турдимов дар бораи чорабиниҳое, ки бобати ташкил ва гузаронидани санҷишҳои тестии барои дохил шудан ба муассисаҳои таълими олӣ андешида мешаванд, маълумот дод.
Зикр гашт, ки барои гузаронидани санҷишҳои тестӣ дар чор ҳудуди вилоят стадионҳои калон интихоб гардидааст. Ҳокими вилоят Э.Турдимов ба падару модарон ёдрас кард, то чун солҳои пешина барои дастгирии фарзандони худ наоянд, ки ин барои вайрон гардидани маҳдудиятҳои карантинӣ сабаб мешавад.
Дар рафти ҷамъомад алоҳида таъкид гардид, ки 4 нафар сироятшинос, реаниматолог ва эпидемиологҳои Россия бобати пешгирии паҳншавии инфесияи коронавирус ва мубориза алайҳи он ба кормандони тиббӣ ёрии амалӣ расонида мешавад. дар давоми ҳафта ба муассисаҳои тиббии вилоят боз 100 дона аппарати кардиомонитор оварда шуд.
Ҳокими вилоят дар бораи вазифаҳои мутасаддиён дар омодагӣ ба соли нави хониш ва мавсими тирамоҳ-зимистон низ ҳафр зад. Барои татбиқ намудани ин вазифаҳо ҷалб нагардидани омӯзгорон ва ҳангоми аниқ гардидани чунин ҳолат нисбат ба масъулон андешидани чораҳои қатъии ҷавобгарӣ зикр гашт.
Ёдрас карда шуд, ки дар 15 рӯзаи дуввуми моҳи сентябр ба фаъолият сар кардани муассисаҳои таълими умумӣ дар назар аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ