Эркинҷон Турдимов: душмани асосӣ –лоқайдӣ ва бепарвоӣ

Эркинҷон Турдимов: душмани асосӣ –лоқайдӣ ва бепарвоӣ

  • Post category:Асосӣ


Дар ҷамоъомади аппаратии навбатӣ, ки дар ҳокимияти вилоят ба тарзи видеоселектор баргузор гардид, рафти корҳои бунёдкорӣ дар объектҳои соҳаи иҷтимоии ба барномаи инвеститсионӣ дохилкардашуда муҳокима карда шуд.
Вазъи объектҳои соҳаи иҷтимоӣ, ки дар асоси Фармони Президенти мамлакат аз 10-уми январи соли 2020 ба барномаи инвеститсионӣ дохил карда шудаанд ва аз ҳисоби маблағҳои Хазинаи зидди бӯҳронӣ таъмир мегарданд, як ба як баррасӣ гардид.
Мутобиқи барномаи тасдиқгардида дар вилоят барои бунёд, таъмир ва тамрини 101 объекти соҳаи иҷтимоӣ ҷудо кардани беш аз 456 миллиард сӯм маблағ ба нақша гирифта шудааст. Ин объектҳо аз 57 мактаби таълими умумӣ, 47 ташкилоти таълими томактабӣ, 19 муассисаи ҳифзи тандурустӣ, 2 донишгоҳ ва 7 муассисаи дигар мебошад.
Нахуст ба иштироккунандагон видеонаворе намоиш дода шуд, ки дар асоси натиҷаҳои мониторинг аз тарафи аъзои гурӯҳи корӣ тайёр карда шудааст.
Дар рафти корҳои омӯзишие, ки дар шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуд, бобати бунёд, таъмир ва тармими объектҳо як қатор камбудиҳо аниқ карда шуданд.
– Қариб дар ҳамаи объектҳо назорати муаллифи вуҷуд надорад. Барои аниқ кардани қоидавайронкуниҳои дурушт мутахассис шудан шарт нест. Аз видеотасвирҳо мушоҳида намудан мумкин аст, ки дар бунёди биноҳо масолеҳи сохтмонӣ сарфа карда мешавад, — гуфт ҳокими вилоят.
Дар ҷамъомад ҳокими вилоят ширкатҳои сохтмонии нисбат ба кори худ бепарворо зери танқид гирифт. Роҳбарони секторро ба назорати доимии корҳои сохтмонӣ даъват намуда, таъкид кард, ки ба сифати таъмир эътибори алоҳида диҳанд. Инчунин, ба сарвари Садорати молияи вилоят ёдрас карда шуд, ки дар маблағгузории корҳои сохтмонӣ, яъне пардохти музди корҳои иҷрогардида ба камбудиҳо роҳ дода мешавад.
Роҳбари вилоят таъкид кард, ки имрӯз шаҳрвандони одӣ низ аз ҳолатҳои рияо нагардидани мезонҳои қонун хабардоранд ва ба туфайли позитсияи фаъоли шаҳрвандии онҳо маълумотҳо дар бораи камбудиҳо ба мутасаддиён расонида мешавад. Ин дар навбати худ барои огоҳ будан аз вазъият ва саривақтӣ ҳал кардани камбудиҳо чун омили муҳим хизмат мекунад.
– Дар ҳамин маврид саволи барҳақ ба миён меояд – чаро роҳбарони ташкилотҳои мутасаддӣ ба ин корҳо эътибор намедиҳанд? Лоқайдӣ ва бепарвоӣ душмани асосии ҷамъият мебошад, – гуфт Эркинҷон Турдимов.
Дар ҷамъомад зикр гашт, ки минбаъд корҳои дар асоси барномаи инвеститсионӣ иҷрогардида аз тарафи прокурори вилоят низ назорат карда мешавад.
Дар доираи тартиби кори ҷамъомади аппаратӣ ҳолати корҳои мавҷуда доир ба ҷамъоварӣӣ партовҳо ва такмил додани сохтори аз нав коркарди онҳо низ баррасӣ гардид.
Аз рӯйи масъалаҳои баррасигардида қарорҳо қабул гардиданд.
Хизмати матбуоти ҳокимияти вилояти Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ