Олимон бори аввал сирояти дубораи коронавирусро исбот карданд


Олимони Ҳонгконг исбот карданд, ки як нафар метавонад такроран мубталои коронавирус шавад. Онҳо мушаххас карданд, ки як марди 33-сола 4,5 моҳ дертар аз нахустин бори мубталошавӣ дубора гирифтори он шуд. Дар ин бора рӯзномаи The New York Times.
Гуфта мешавад, ки ин мард дар сафари Испания бори дувум мубталои коронавирус шуд. Дар бори аввали сирояти вирус дар ӯ нишонаҳои беморӣ вуҷуд дошт, вале, ин бор беморӣ ягон нишона надорад.
Ин ҳолат нишон медиҳад, ки эҳтимолан иммунитет ба коронавирус ҳамагӣ чанд моҳ идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки қабл аз ин шифокорони амрикоӣ ва рус ҳам дар бораи сирояти дубораи коронавирус хабар дода буданд. Вале, гуфтаи онҳо бо таҳқиқоти олимон тасдиқ нашуда буд.
Манбаъ: МИР 24

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ