Расонаҳои хабарӣ: Ким Чен Ин дар кома аст

Расонаҳои хабарӣ: Ким Чен Ин дар кома аст

  • Post category:Ҷаҳон


Ким Чен Ин, пешвои Кореяи Шимолӣ дар ҳолати кома аст. Дар ин бора Daily Mail хабар додааст.
Ба гуфтаи Чанг Сон Мин, ёвари раисҷумҳури собиқи Кореяи Ҷанубӣ – Ким Дэ Чжун, Кореяи Шимолӣ аҳволи вазнини раисҷумҳури худро аз ҷомеаи ҷаҳонӣ пинҳон медорад.
Чанг Сон Мин мегӯяд, ки Ким Ё Чжон, хоҳари Ким Чен Ин як қисми ваколатҳои ӯро бар дӯши худ хоҳад гирифт.
Чанде пеш расонаҳо хабар дода буданд, ки Ким Чен Ин мехоҳад як қисми ваколатҳои худро ба хоҳари худ бибахшад. Дар ҳоли ҳозир хоҳари Ким Чен Ин масъули робитаҳои Кореяи Шимолӣ бо Кореяи Ҷанубӣ ва ИМА мебошад.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ