Мухбири меҳнатқарини рӯзномаи вилоятии “Зарафшон”, устоди рӯзноманигорони зиёд Адҳам Искандарович Ҳайитов дар синни 69-солагӣ вафот кард.

Мухбири меҳнатқарини рӯзномаи вилоятии “Зарафшон”, устоди рӯзноманигорони зиёд Адҳам Искандарович Ҳайитов дар синни 69-солагӣ вафот кард.

  • Post category:Фарҳанг

Адҳам Ҳайитов 20-уми январи соли 1951 дар ноҳияи Ургут таваллуд шудааст. Соли 1972 Донишкадаи давлатии педагогии Самарқандро хамт намуда, дар рӯзномаи “Ленин йӯли” (ҳозир “Зарафшон”) ба ҳайси мусаҳҳеҳ фаъолияти меҳнатии худро сар кардааст. Дар дафтарчаи меҳнати А.Ҳайитов танҳо чунин навиштаҷот ҳаст. Ӯ тамоми умр дар ҳамин даргоҳ меҳнат кард. Дар вазифаҳои мухбир, мудиришӯъба, ҷонишини сармуҳаррир, котиби масъул кор кард.
Адҳам Ҳайитов муаллифи як қатор китобҳо буд. Ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявии “Беҳтарин журналисти сол”, “Аз ҳама бузург, аз ҳама азиз!” гардидааст. Бо медали “Шуҳрат” сарфароз гардида буд.
Адҳам Ҳайитов барои рушду ривоҷи матбуоти Самарқанд, аз ҷумла рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқнад” саҳмгузорӣ намудааст ва ба кормандони таҳририят ҳаққи устодӣ дошт.
Ба муносибати даргузашти устоди азиз ба аъзои оила ва пайвандони ӯ ҳамдардӣ изҳор менамоем.
Хотираи устоди арҷманд, журналисти бомаҳорат Адҳам Ҳайитов абадӣ дар дилҳо хоҳад монд.

Ҷамоаи рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд».

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ