Олимони чинӣ бобати табобати коронавирус ба як кашфиёти муҳим муваффақ шуданд

Олимони чинӣ бобати табобати коронавирус ба як кашфиёти муҳим муваффақ шуданд

  • Post category:Ҷаҳон

Олимони чинӣ ба як кашфиёти муҳим муваффақ шуданд: эҳтимол ҷаҳон аз баракати модарони ҷавон аз коронавирус наҷот ёбад. Маълум шуд, ки дар шири сина сафедаҳое мавҷуданд, ки метавонанд COVID-19-ро пахш кунанд, хабар медиҳад sargrad.tv.
Агар аксарияти вирусшиносони ҷаҳон ҳоло саргарми коркарди ваксинаи зидди коронавирус бошанд, аммо баъзеҳо дар ҷустуҷӯи доруи табобати он ҳастанд. Чунин менамояд, ки яке аз доруҳо дар асоси шири сина таҳия хоҳад шуд. Ҳангоми пажӯҳиш коршиносони чинӣ муайян кардаанд, ки дар шири сина сафедаҳо ва зардоб мавҷуданд, ки дорои қобилияти пахш намудани вирус мебошанд.
Дар таҷрибаи худ олимон ҳамсонҳои заифкардашудаи COVID-19-ро истифода ва ба онҳо бо шир таъсир кардаанд — ба ғайр аз шири сина, онҳо инчунин аз шири буз ва гов низ истифода бурдаанд. Маълум шуд, ки маҳсулоти мазкур дорои қобилияти пахш намудани вирус мебошад.
Дар айни замон пажӯҳиш идома дорад, аммо коршиносони чинӣ хушбин ҳастанд ва изҳор менамоянд, ки асоси доруи оянда ҷиҳати табобати коронавирус эҳтимол пайдо шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ