Ду ҷавони самарқандӣ бо Мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» сарфароз гардиданд

Ду ҷавони самарқандӣ бо Мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» сарфароз гардиданд

Ба мақсади муносиб рағбатнок намудани ҷавонони фидокор ва диловар, ки дар татбиқи ислоҳоти васеъмиқёси мамлакатамон фаъолнокӣ нишон додаанд, бо дониш, истеъдод, ғайратнокӣ ва ташаббускорӣ, меҳнати софдилонона ва самарабахшашон ба шукуфоии Ватан ҳиссаи муносиб ҳамроҳ намудаанд, дорои маънавияти баланд, мустақилфикрӣ, мавқеи қатъии ҳаётӣ, ҷаҳонбинии васеъ ва дониши амиқ буда, қодиранд барои ояндаи мамлакат масъулиятро ба зимма гиранд, инчунин мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон аз 26-уми августи соли 2020 «Дар бораи мукофотонидан бо ҷоизаи давлатии «Мард ӯғлон» имзо гардид.
Дар асоси қарор як гурӯҳ ҷавонон барои комёбиҳои алоҳидаашон дар соҳаи илм, таълим, тиб, маданият, адабиёт, санъат, варзиш, истеҳсолот, дар хидмати ҳарбӣ ва фаъолият дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо Мукофоти давлатии «Мард ӯғлон» сарфароз гардиданд.
Дар байни онҳо аз вилояти Самарқанд хонандаи синфи ҳаштуми мактаби таълими умумии рақами 64-и ноҳияи Нарпай Нуруллаев Ҳасан Ҷўрабек ўғли ва командири взводи қӯшунҳои сарҳадии Хизмати бехатарии давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон Шарипов Расул Шокир ўғли ҳастанд.
Мукофот муборак бошад!

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ