Чаро оби дари хона тира?

Чаро оби дари хона тира?

  • Post category:Ҷамъият

Рӯзи 6-уми августи соли равон таҳти раёсати Президенти мамлакатамон ва бо иштироки бонки ҷаҳон доир ба татбиқ кардани лоиҳаи «модернизатсия кардани хоҷагии қишлоқ» ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор шуд, ки дар он масъалаи азхудкунии 300 миллион доллар маблағи кредитии бонки мазкур муҳокима гардид.
Бояд гуфт, ки аз ҳисоби он дар вилояти мо 300 гектар боғи интенсивӣ бунёд шуда, хоҷагиҳои тухмипарварӣ ташкил мегарданд.

Нархи тухмиҳо қимат

Фасли баҳор буд. Барои хариди тухмии баъзе намудҳои сабзавот ба дӯкони махсуси агрофирма рафтем. Тааҷҷуби камина аз он буд, ки як дона (!) тухмии бодиринг 500 сӯм нарх дошт.
– Чаро ин қадар қимат? – ҳайрон шудам ман. – Ин тухмиро аз куҷо харидед?
– Аз хориҷа, – бепарво гуфт фурӯшанда. – Магар шумо аз тухмиҳои ҳазор ва ҳатто се ҳазор сӯмина бехабаред? Тухмӣ ба доллар аз хориҷа меояд.
– Зарур бошад, раво бошад, – ба сӯҳбат ҳамроҳ шуд харидори дигар. – Ба баққолҳои бозор боварӣ нест. Тухмии онҳо пуч ё ба ҷойи яке дигар аст. Масалан, чанде пеш дар замини ман ба ҷойи сабзӣ мутлақо растании дигар сабзид. Ана баъд маҷбур ба ин дӯкон омадам. Дар як нафас баҳсу мунозира авҷ гирифт. Аммо афсӯси ман аз нархҳои дандоншикани тухмиҳои сабзавот буд.
Ёд дорам, то пош хӯрдани давлати шӯравӣ дар ноҳияи Самарқанд хоҷагии давлатии «50 солагии СССР» арзи вуҷуд дошт, ки маҳз бо парвариши тухмӣ машғул буд. Ҳатто он дар бозори Сиёб дӯкони махсусе дошт, ки ба деҳқонон бо нархи арзон тухмӣ мефурӯхт. Кафолати сифат ва ҳосилнокии баланд дошт.

Ғамхорӣ ба деҳқонон

Моҳи апрели соли 2018 аз ҷониби роҳбари давлат қарор «Дар бораи чораву тадбирҳои куллан такмил додани тухмипарварӣ дар Ҷумҳурияти Ӯзбекистон» интишор ёфт, ки дар асоси он дар Самарқанд низ кластери тухмипарварӣ ташкил гардид. Ҳоло дар шаш ноҳияи вилоят ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуди «хоҷагиҳои тухмии Элита» таъсис ёфтааст. Дар ихтиёри онҳо беш аз 500 гектар замин буда, навъҳои беҳтарини сабзавот парвариш карда мешавад. Масалан, дар се гектар майдон навъи «Спанеэ»-и пиёз кишт шуда, беш аз як тонна тухмии аълосифат ба фермерҳо ирсол гардид, ки соли оянда 625 гектар майдонро бо тухмии пиёз таъмин мекунад.
Дар ноҳияи Ҷомбой хоҷагии фермерии илмӣ-­тадқиқотии тухмипарварии «Фармоба селект» таъсис ёфтааст, ки бо селексияи ғаллапарварӣ машғул мебошад. Олимон бо зиёд кардани навъҳои гандум ва ҷав саргарм ҳастанд. Соли равон навъи «Ҷасмина»-и ғалла дар 10 ҳазор гектар кишт шуда, ҳосилнокӣ 70-80 сентнерро ташкил кард. Дар оянда фермерҳо боз навъи «Фармоба»-ро парвариш мекунанд, ки бешубҳа ҳосилнокии ғалла хоҳад афзуд.

Картошка кай арзон мешавад?

Гарчанд ватани картошка қитъаи Амрико аст, вале дар кишвари мо талаб ба ин навъи маҳсулот калон мебошад. Шояд аз ҳамин сабаб мардум онро «нони дуюм» меҳисобанд. Аз маълумотҳои статистикӣ равшан гардид, ки дар ҷумҳурият барои қонеъ сохтани эҳтиёҷи мардум ҳар сол дар 150 ҳазор гектар картошка парвариш ёфта, қариб се миллион тонна ҳосил ҷамъоварӣ мегардад. Барои тухмӣ бошад, 450 ҳазор тонна лозим аст. Ба мақсади афзудани ҳосилнокии картошка дар ҷумҳурият ба ивази доллар аз Русия, Голландия, Туркия, Покистон ва дигар мамлакатҳои ҷаҳон тухмӣ харида мешавад, ки маблағи зиёдро талаб мекунад. Минбаъд дар асоси қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳои васеъ кардани картошкапарварӣ ва ривоҷ додани тухмипарварӣ» дар ҷумҳурӣ картошкапарварӣ вусъат меёбад ва ин бешубҳа барои арзон шудани нархи он мусоидат мекунанд. Ҳоло дар ноҳияҳои Тайлоқ, Самарқанд, Булунғур, Ҷомбой, Ургут навъи суперэлитаи картошка парвариш карда мешавад.

Деҳқонӣ яке аз ҳафт хазина

Агар роҳи шумо ба маркази ноҳияи Самарқанд афтад, баъди убури рӯди Дарғам пеши назар майдони васеъ, ки аз аввали баҳор то танги тирамоҳ сабзу хуррам аст, ҷилвагар мегардад. Дар ин минтақа деҳқонони соҳибтаҷриба аз замин ду-­се маротиба ҳосил гирифта, ба тааҷҷубу ситоиши меҳмонону мизбонон соҳиб мешаванд.
– Як замон падарам, сипас ман, ҳоло фарзандону набераҳо бо кишоварзӣ машғуланд, – гуфт фермер Ӯткур Истамқулов. – Устухони мо бо нони деҳқонӣ сахт шудааст. Амалӣ гардидани нияту орзуҳо, хариди нақлиёту бунёди кошонаҳо ба ивази меҳнати ҳалол гӯям, муболиға намешавад. Лекин бо замин «забон» ёфтан ба ҳама ҳам насиб намекунад. Ман аз он дар ҳайратам, ки дар баъзе ҳавлиҳо ғайр аз алафи бегона ҳеҷ чиз намерӯяд. Сарвари оила дар чойхона ва завҷаи ӯ сари кӯча ва овораи сӯҳбат бо ҳамсоя. Аммо замин бекор хобад, ин гуноҳ аст.
Раҳматӣ падарам такрор ба такрор мегуфтанд, ки деҳқонӣ – яке аз ҳафт хазина. Сад афсӯс, ки мо ба қадри замин намерасем. Инро «оби дари хона тира» мегӯянд.

Меҳнати нақд беҳ аз роҳати насия

Ҳар як шахсе, ки дар фаслҳои тобистону тирамоҳ ба деҳқонбозорҳо ворид мешавад, аз растаҳои пури маҳсулотҳои полиз, нозу неъматҳои боғ, ҳосили ситрусу хушкмева чашмонаш медурахшанд. Фақат шахсони ҳолдон медонанд, ки паси пештахта савдогар нишаста, аксарияти маҳсулотҳои бозоргир аз хориҷа ворид шудаанд.
Дуруст, баъзе деҳқонҳои ҳақиқии таҳҷоӣ дар беруни бозор дар сатилу қуттӣ маҳсулотҳои худро мефурӯшанд, ки нархаш ва сифаташ аз растаҳои бозор арзону пасттар ҳастанд.
Беихтиёр саволе бармеояд: чаро ин тавр?! Ҷавоб одӣ – тухмиҳои маҳаллӣ кам ва ҷонсӯзони замин ба дараҷаи кофӣ нестанд. «Ҳастро аз насия хезад нестӣ» гуфтааст аллома Ҷалолиддини Румӣ. Аксарияти мардуми мо бо нияти кор азми кишварҳои хориҷа мекунанд. Во дареғо, ки ба ҳама ҳам кори нағзу музди кофӣ ёфтан муяссар намешавад. Дар замони хурӯҷи пандемия шояд онҳо ба маънои байти зерини Хоҷа Ҳофиз сарфаҳм рафтаанд:

Боғи Фирдавс латиф аст, валекин зинҳор,
Ту ғанимат шумур ин сояи беду лаби кишт.

Оре, бузургон таъкид кардаанд:

Он бувад аблаҳтарини мардумон,
К‑аз паи нафсу ҳаво бошад давон.

Бояд таъкид намуд, ки ҳоло бо ғамхории сарвари давлат ҳар як фарди ҷумҳурӣ метавонад дар шаҳру деҳот барои худ меҳнати дилхоҳро пайдо кунад.
Чуноне, ки деҳқонони асил таъкид кардаанд, боигарии ҳақиқӣ ва адонашаванда замин аст.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ