Шайх Абумансури Мотрудӣ

Шайх Абумансури Мотрудӣ

  • Post category:Фарҳанг
ё худ назаре ба рӯзгори имоми мутакаллимон

Ба қарибӣ, 11-уми августи соли 2020 қарори Президенти Ҷумҳурияти Ӯзбекистон «Дар бораи чора ва тадбирҳои созмон додани «Маркази таҳқиқотии илмии байналхалқии Имом Мотрудӣ» имзо гардид. Ба ҳамин муносибат, барои чун як рукни таърихи фарҳанги исломӣ шиносо намудани ин симои бузургмарди фарҳанги исломӣ мақолаи зерин ба эътибори хонандагони рӯзнома пешкаш мешавад.

Шайх Абумансури Мотрудӣ [236 ҳ. / 870 м., Самарқанд, Мотруд – 333 ҳ. / 944 м., Самарқанд, Чокардиза] – шайх, мутакаллим, муҳаддис, олим, фақеҳ, муҷтаҳид, мутафаккир ва алломаи бузурги давраи Эҳёи Нахустини Шарқ буда, соли 870 м. дар мавзеи Мотруди вилояти Самарқанд таваллуд шудааст. Вай маълумоти нахустинро аз падари худ Муҳаммад ибни Мансур омӯхта, сипас дар мактаби ибтидоии Куттоба сабақ гирифта, мадрасаи назди Масҷиди Работи Ғозиён ба омӯхтани илмҳои замони худ парохтааст.
Вай дар аҳди салтанати Оли Сомон дар рӯзгори ҳукмронии амирони сомонӣ: Наср ибни Аҳмад [864-892], Амир Исмоили Сомонӣ [892-907], Аҳмад ибни Исмоили Сомонӣ [907-914], Наср ибни Аҳмади Сомонӣ [914-943], Нӯҳ ибни Насри Сомонӣ [943-954] зиндагӣ ва эҷод намудааст.
Зикри ҳоли ӯ дар асарҳои муаллифони асри миёна, амсоли Хатиби Бағдодӣ, Абулфидо Зайниддин Қосим ибни Қутлубуға, Муҳиддини Қурайшӣ, Ал-­Кафавӣ, Абулмуъини Насафӣ, Тошкӯпризода, Ҳоҷӣ Халифа ва ҳоказо маълумот оварда шудааст. Дар асарҳои муаллифони мазбур алломаи бузург бо лақабу унвонҳо ва таъбироти зерин, амсоли «Имоми аҳл ас-­сунна ва-­л-ҷамоа» [Имоми аҳли cунна ва ҷамоа], «Имом ул-­ҳудо» [Имоми роҳнамои ҳидоят], «Султон ул-­муаззин» [Султони муаззиноно], «Қудват аҳл ас-­сунна ва-­л-эҳтидо» [Зоти боибрат барои аҳли суннат ва ҳидоят], «Рафеъ аълом ал ас-­сунна ва-­л-ҷамоа» [Байрақбардори аҳли сунна ва ҷамоа], «Қолеъ азолил ал-­фитна ва-­л-бидъат» [Ботилкунандаи залолати бидъат ва фитнаҳо], «Имом ул-­мутакаллимин» [имоми мутакаллимон], «Мусаҳҳеҳ ул-­ақоид ул-­муслимин» [Мусаҳҳеҳи ақидаҳои мусулмонон] «аш – шайх ал-­имом» таърифу тавсиф карда шудааст.
Абумансури Мотрудӣ аз олимони машҳури замони худ, монои: Абунаср Аҳмад ибни Аббос ибни Ҳусайни Иёдӣ, Абубакр Аҳмади Ҷузҷонӣ, Нусайр ибни Яҳяи Балхӣ, Муҳаммад ибни Муқотили Розӣ [қозии шаҳри Рай будааст] таълимму мукаммал омӯхтааст. Ӯ пас аз омӯхтани илми замони худ барои аз нуқсу хато ислоҳ намудани илмҳои усули дину усули фиқҳ ва солиму комил намудани мафкураи сиёсии дини ислом иҷтиҳод намуда, ба эътибори бузурги аҳли замони худ ноил гардид. Ӯ шогирдони зиёде тарбият намуда, аз машҳуртарини онҳо: Абуисҳоқ ибни Муҳаммадибни Исмоил, Абулҳасан Алӣ ибни сайиди Рустағфонӣ, Абумуҳаммад Абдулкарим ибни Мусои Паздавӣ, Абулайси Самарқандӣ, Абулҳасани Паздавӣ, Абулюсри Паздавӣ, Абулмуъини Насафӣ, Сафари Бухороӣ, Наҷмиддин Умари Насафӣ, Сабунии Бухороӣ, Умари Ҳанафӣ мебошанд, аксарияти онҳо шогирди ҳамзамони шайх буда, қисме дигари онҳо шогирди рӯҳонии ӯ мебошанд.
Абумансури Мотрудӣ дар тӯли рӯзгори босамари худ, осори зиёи динию илмӣ навишта, ба ворисони ояндаи худ мерос гузроштааст, ки номгӯи онҳо чунин аст:

  1. «Китоб ат-­тавҳид»;
  2. «Китоби таъвилоти аҳли сунна» [«Таъвилот ал-­Қуръон»];
  3. «Китоб ул-­ҷадал» [Китоби Диалектика]
  4. «Китоби маъохиз аш-­шариъа» [Китоби маъхазҳои шариат];
  5. «Китоб ул-­мақолот»;
  6. «Китоби радди аъло ли қаромита» [Китоби радди аълои қарматия];
  7. «Китоби баёни ваҳм ал-­мӯътазила»;
  8. «Китоби радди усул ал-­хаса ли Абимуҳаммад ал-­Боҳилӣ»;
  9. «Китоби радди авоил ал-­адиллдат ли-­л- Каъбӣ»;
  10. «Китоби радд ал-­имомат ли – баъз равофиз».
    Абулмуини Насафӣ дар асари «Табсират ул-­адилла» дар тавсифи бузургдошти муршиди худ Абумансури Мотрудӣ чунин овардааст:
    «Имом Абӯмансури Мотуридӣ дар дарёҳои улум фурӯ рафту дуррҳои онро берун кашид ва ҳуҷаҷи динро иқома кард ва бо фасоҳату вуфури донишу хуштабъии худ, ғурар ва матолеи онро зинат бахшид ба наҳве, ки ҳангоми вафоташ шайх Абулқосими Ҳаким фармуд, то бар қабраш бинависанд:
    «Ин қабр аз они касе аст, ки улумро бо ҷону дил ба чанг овард ва дар нашру густариши он саъйи тамом дошт ва осори некӯе дар дин падид овард ва баҳраҳои онро аз умри худ бардошт кард»1
    Ҳар кас таснифоти ӯ ҳамчун китоби «Ат-­тавҳид» ва «Ал-­мақолот» ва ғайраро бингарад ва бар мафоҳими нағзу маонии дақиқ ва наҳваи иқомаи далел аз ҷойгоҳи махсуси он ва истинботи он аз мавозеи муносиб, ки дар ин осор мавҷуд аст воқиф гардад ва дарёбад, ки вай чӣ гуна шароити илзому илтизомро риоят карда ва бар одоби муҷодала, ки барои кушодани ақоиди фиребхӯрдагон вазъ шудаанд, муҳофизат карда ва барои ҳар масъала бурҳоне иқома кардааст, ки боиси қаноати дилу падид омадани яқин мешавад, дархоҳад ёфт, ки ӯ аз каромоту мавоҳиби илоҳӣ бархӯрдор буда аст ва аз сӯи Худо ба маводи тавфиқу латоифи иршод муайяд будааст. Анвои улуми динӣ ва ҳикамӣ, ки назди вай ба танҳоӣ ҷамъ буд, маъмулан дар бисёре аз нухбагони муҳассилин ҷамъ намеояд. Ба ин ҷиҳат буд, ки устодаш Шайх Абӯнасри Аёзӣ дар маҷолиси худ сухан намегуфт, то шайх Абӯмансур ҳозир гардад ва ҳар гоҳ вайро аз дур медид, бо диди тааҷҷуб ба вай менигаристу мегуфт: – «Ва раббука яхлуқу мо яшоу ва яхтор»…
    Ва яке аз нависандагони балиғ чӣ некӯ дар васфи вай нигоштааст, ки:
    «Ӯ аз бузургони пешвоён ва устувонаҳои миллат буд ва китоби ӯ дар тафсири Қуръон гиреҳ аз мушкилҳо кушод ва абрҳои муштабаҳотро зудуд ва бо расотарин васфу мутқантарин бино аҳкоми ҳалолу ҳароми онро рӯшан сохт»2.

Адабиёти истифодашуда:
1 Ӯзбекистон – буюк алломалар юрти. Биринчи китоб, Тошкент, «Маънавият», «Мовароуннаҳр» – 2010. 400 б. / Убайдулла Увватов Абумансур Мотрудий. 86-106 бетлар.
2 Насафӣ Абулмуъин Табсират ул-­адилла, ҷ. 1, саҳ. 385.

Норхоҷа ЧОРИЕВ,
омӯзгори Донишкадаи давлатии пизишкии Самарқанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ