Варзишгоҳи асосии Бозиҳои соли 2028 моҳи сентябр ба истифода дода хоҳад шуд

Варзишгоҳи асосии Бозиҳои соли 2028 моҳи сентябр ба истифода дода хоҳад шуд

  • Post category:Варзиш

Варзишгоҳи «SoFi» дар Лос Анҷелес, ки дар он маросими кушодашавӣ ва пушидашавӣ, инчунин мусобиқот оид ба футбол ва камонварӣ дар доираи Бозиҳои олимпии соли 2028 доир мешаванд, аввалин варзишгаронро қабул кард.
Бори аввал рӯи сабзаи майдони дорои 100 000 ҷои нишаст дастаи футболи амрикоии “Лос Анҷелес Рэмс” баромад ва тамринҳояшро гузаронд.
Қисмати асосии иншооти варзишӣ, ки барои сохтмонаш ҳудуди 3 миллиард доллар сарф шудааст, экрани бузурги “Oculus” (чашм) дар сақфи он мебошад.
Маросими расмии ифтитоҳи варзишгоҳи «SoFi» 13 сентябр дар доираи бозии футболи амрикоӣ миёни дастаҳои “Лос Анҷелес Рэмс” ва “Даллас Ковбойз” ба нақша гирифта шудааст. Эҳтимол бо сабаби пандемияи COVID-19 бозӣ бе иштироки мухсилон сурат гирад.
То соли 2028 дар атрофи варзишгоҳ маҷмааи “Шаҳри чемпионҳо” сохта хоҳад шуд, ки аз толори консертӣ бо 6000 ҷои нишаст, меҳмонхонаи дорои 300 утоқ, 2500 бӯстонсаро, инчунин иншоот барои офис ва савдо иборат аст. Масоҳати умумии он 120 гектарро ташкил медиҳад.
Моҳи феврали соли 2022 дар ин варзишгоҳ финали лигаи миллии футбол, январи соли 2023 бозиҳои плей-оффи Ассотсиатсияи миллии футболи амрикоӣ миёни донишҷӯён баргузор мешаванд. Дар варзишгоҳ мумкин аст бозиҳои Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2026 доир гардад.
Дар аввал Кумитаи тадорукоти “Лос Анҷелес-2028” ба нақша гирифта буд, ки маросимҳои кушодашавӣ ва пӯшидашавии бозиҳоро дар ду варзишгоҳ — «SoFi» ва Маҷмааи Колизейи Лос Анҷелес, ки ду маротиба, солҳои 1932 ва 1984 Бозиҳои олимпиро қабул кардааст, гузаронад. Колизей соли 2028 низ истифода хоҳад шуд, вале маълум нест бо кадом мақсад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ