Эмомалӣ Раҳмон бори навбатӣ чун номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуд

Эмомалӣ Раҳмон бори навбатӣ чун номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуд

  • Post category:Ҷаҳон

Дар Анҷумани ХХII Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон — Федератсияи иттифоқҳои мустақили Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори навбатӣ чун номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуд.
Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар анҷуман аз фаъолияти Федератсия дар давраи солҳои 2013-2020 натиҷагирӣ шуда, вакилони Анҷуман лоиҳаи Оиннома, Барномаи амал барои солҳои 2020-2027, сохтор, мақомот, аъзоёни Шӯрои генералӣ, Комиссияи назоратӣ-тафтишотии Федератсияро тасдиқ намуданд.
Ба ин тариқ, аз 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон то ин дам 4-тоаш — номзадҳояшонро ба мансаби президентӣ дар интихоботи моҳи октябр пешбарӣ намуданд.
Ёдрас мекунем, ки интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон ба рӯзи 11 октябри соли равон таъин шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ