Дар Аврупо ҳолатҳои такроран бо коронавирус сироят ёфтан ошкор шудаанд

Дар Аврупо ҳолатҳои такроран бо коронавирус сироят ёфтан ошкор шудаанд

  • Post category:Ҷаҳон

Дар Белгия ва Нидерландия беморони дубора бо коронавирус сироятёфта ошкор шудаанд. Эҳтимолан эминӣ аз сироят танҳо як — ду моҳ нигоҳ дошта мешавад, огоҳ мекунанд вирусшиносон. Дар ин бора dw.com хабар медиҳад.
Вирусшиносони Белгия ва Нидерландия рӯзи сешанбе, 25 август дар бораи ҳолатҳои дубора сироят ёфтан бо коронавирус дар ин кишварҳо гузориш доданд.
Дар мавриди сироятёбии дубораи як марди солхӯрда ва эминии баданаш сустшуда дар Нидерландия, вирусшинос Марион Копманс, ки мушовири ҳукумати ин кишвар низ мебошад, зимни суханронӣ дар радиои NOS хабар дод. Омӯзиши геноми вирус нишон дод, ки ин ҳақиқатан сироятёбии такрорӣ аст, на оқибати сирояти аввал, зикр намуд ӯ.
«Мо аз рӯи дигар уфунатҳои узвҳои нафаскашӣ медонем, ки коркарди эминӣ (иммунитет) барои тамоми умр ғайриимкон аст. Ва дар мавриди COVID-19 низ чизи дигареро интизор набояд дошт», — гуфт Копманс.
Як бемор дар Белгия бори дуввум пас аз се моҳи шифо ёфтанаш такроран бо коронавирус мубтало гардид, гуфт вирусолог Марк Ван Ранст дар мусоҳиба бо телевизиони VTM. Дар штампи дуввуми вирус 11 ҳолати тағйирёбии (мутация) -и вирус ошкор шудааст.
«Ин хабари бад аст» – гуфт ӯ ва илова кард, ки ӯ умедвор буд, ки эминӣ дарозтар хоҳад буд, на як-ду моҳ.
24 август олимони Донишгоҳи Ҳонконг бори аввал дар бораи нахустин ҳодисаи илман тасдиқшудаи сироятёбии дубора бо SARS-CoV-2 хабар дода буданд.
Як марди 33-сола 4.5 моҳ пас аз бори аввал сироят ёфтан дубора гирифтори коронавирус гардид ва ташхиси геном нишон дод, ки ӯ дубора ба ин беморӣ гирифтор шудааст.
Худи ҳамон рӯз сардори Тува Шолбан Қара-оол гуфт, ки вай бори дуввум бо коронавирус сироят ёфтааст. Бори аввал вай дар охири моҳи май ин бемориро аз сар гузаронида буд.
Тибқи маълумоти гурӯҳи ризокорони байналмилалии Worldometer, аз оғози пандемия то 25 август дар саросари ҷаҳон беш аз 23,8 миллион ҳолати сироятёбӣ сабт шудааст, 817 640 тан ҷон бохтаанд ва зиёда аз 16,3 миллион нафар шифо ёфтаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ