Ҳунарпеша Фатҳулло Масъудов мубталои COVID-19 аст

Ҳунарпеша Фатҳулло Масъудов мубталои COVID-19 аст

  • Post category:Саломатӣ


Фатҳулло Масъудов – ҳунарпешаи шинохтаи синамо ва театри Ӯзбекистон, мудири театри драмаи академики миллӣ мубталои коронавирус шудааст ва ҳоло дар бемористон бистарӣ мебошад.
Гулираъно Масъудова, ҳамсари ҳунарпеша дар мусоҳиба бо хабарнигори qalampir.uz ин хабарро тасдиқ кард.
Ӯ гуфт, “Аҳволашон хуб нест. Аз халқи худ барояшон дуо мепурсем”.
Фатҳулло Масъудов дар яке аз бемористонҳои хусусии шаҳри Тошканд муолиҷа мегирад. Шифокорон вазъияти саломатии ӯро ҷиддӣ назорат мекунанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ