927 нафар ӯзбекистонӣ бо қатора аз Русия ба ватан баргаштанд


Қатораи “Ӯзбекистон темир йӯллари” рӯзи 23 август аз истгоҳи “Первомайская”-и Ростов-Дон бо 927 нафар ӯзбекистонӣ ба роҳ даромад. Қатора имрӯз, 27 август ба вилояти Намангон расид.
Ҳама муҳоҷирони баргашта ҳоло дар марказҳои карантинӣ ҷойгир шуданд.
Ёдовар мешавем, ки комиссияи махсуси Ӯзбекистон барои овардани ин шаҳрвандон аз Русия қарор қабул карда буд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ