Вазири корҳои хориҷии Афғонистон ба Ӯзбекистон меояд

Вазири корҳои хориҷии Афғонистон ба Ӯзбекистон меояд

  • Post category:Ҷаҳон


Рӯзҳои 28-29 августи соли ҷорӣ намояндагони расмии Афғонистон таҳти раҳбарии Ҳаниф Атмар – вазири корҳои хориҷии ин кишвар ба Ӯзбекистон меоянд.
Бино ба хабари вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон, меҳмонони Афғонистон бо намояндагони вазорати корҳои хориҷӣ, вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷӣ ва дигар идораҳо мулоқот мекунанд.
Дар музокираҳо вазъияти имрӯза ва ояндаи ҳамкории Ӯзбекистон ва Афғонистон дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, энергетика, ҳамлу нақл ва ғайра баррасӣ мегардад.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ