Истиқлол – неъмати бузург!

Истиқлол – неъмати бузург!

  • Post category:Ҷамъият

Чунин ном дошт тадбири фарҳангӣ-маърифатие, ки ба муносибати 29-уми солгарди Итсиқлолияти давлатии Ҷумҳурияти Ӯзбекистон дар маркази маънавият ва маърифати Округи марказии ҳарбӣ зери шиори «Ту – манбаи қудрату маскани саодатӣ, ӯзбекистони азизам!» баргузор гардид.
Намояндагони Қумондонии округи марказии ҳарбӣ, Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон, вакилони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, ҷавонон ва хизматчиёни ҳарбӣ иштирокдорони тадбир буданд.
Дар вохӯрӣ, ки бо риоя ба қоидаҳои карантин доир гардид, дар бораи дастовардҳои солҳои истиқлол, ислоҳотҳои татбиқшаванда, имкониятҳое, ки барои насли ҷавон дода шудааст, сухан рафт.
Ташкили сохтории корҳои маънавию маърифатии мамлакат, афзунсозии самарабахшии чорабиниҳои ин самт, такмили тафаккур, шуур ва ҷаҳонбинии мардум, мустаҳкамсозии иммунитети маънавӣ-мафкуравӣ, тарбияи наврасон дар рӯҳи ватанпарварӣ ва инсондӯстӣ алоҳида ътироф карда шуд.

Ҳусан ҒОЗИЕВ, сарвари шӯъбаи ҳарбии Шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ