Ӯзбекистон дар 3 сол ба 20 ниҳоди ИДМ пайваст шуд


Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон гуфт, ки кишвари мо дар 3 соли охир иштироки худро дар ҷараёни интегратсионии Иттиҳоди давлатҳои мустақил фаъолтар кард ва ба 20 ниҳоди иттиҳод пайваст шуд.
Бино ба хабари “Правда Востока”, Комилов гуфт, “Тошканд дар ин муддат ба корҳои Шӯрои иқтисодии ИДМ, Ассамблеяи байнипорлумонии ИДМ ва 18 ниҳоди дигари иттиҳод пайваст шуд”.
Ба гуфтаи Комилов, дар ҳоли ҳозир Ӯзбекистон дар фаъолияти беш аз 40-то аз 84 ниҳоди ИДМ, ки ҷавобгӯи манофеъи миллӣ аст, иштирок мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Ӯзбекистон соли ҷорӣ раисии Шӯрои сарони кишварҳои ИДМ, Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои иқтисодии иттиҳодро бар дӯш дорад.
Манбаъ: МИР 24

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ