Қарзи хориҷии Ӯзбекистон 11 дарсад зиёд шуд

Қарзи хориҷии Ӯзбекистон 11 дарсад зиёд шуд

  • Post category:Иқтисод


Дар охири нимаи аввали соли 2020 ҳаҷми қарзи хориҷии Ӯзбекистон ба 19,6 миллиард доллар расид. Ҳаҷми қарзи хориҷии Ӯзбекистон дар муқоиса бо ҳамин даври соли гузашта 10,9 дарсад афзоиш ёфт. Дар ин бора Темур Ишметов, вазири молияи Ӯзбекистон дар ҷаласаи порлумони кишвар маълум кард.
17,3 миллиард доллар, ё 88 дарсади ҳаҷми умумии қарзи хориҷӣ ин қарзи давлатӣ аст. Қарзи дохилии кишвар аз оғози сол 0,3 дарсад зиёд шуд ва ба 2,3 миллиард доллар расид.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Сандуқи байналмилалии пул барои коҳиш додани таъсири пандемия ба иқтисоди миллӣ ба Ӯзбекистон 375 миллион доллар қарз дод. Як қисми ин қарзи хориҷӣ бефоиз аст.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ