Аз 5 ташаббуси байналмилалии Шавкат Мирзиёев 4-тои он амалӣ шуд

Аз 5 ташаббуси байналмилалии Шавкат Мирзиёев 4-тои он амалӣ шуд


Каромиддин Гадоев, намояндаи вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон рӯзи гузашта дар нишасти матбуотӣ дар бораи натиҷаи 5 ташаббуси Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури кишвар дар 72-вумин сессияи Созмони милали муттаҳид маълумот дод.
Гадоев таъкид кард, ки дар 2 соли охир 3-то қатъномае (резолютсия), ки Шавкат Мирзиёев дар Ассамблеяи умумии Созмони милали муттаҳид пешниҳод кард, қабул шуд.
Ба гуфтаи Гадоев, ташаббуси аввали Мирзиёев ин музокираҳои раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ буд. Ҳамчунин, қатъномаи махсус дар бораи таъмини сулҳ, барқарорӣ ва рушди муназзам дар Осиё 2 июли соли 2018 аз сӯи кишварҳои ҷаҳонӣ қабул шуд.
Ташаббуси дувуми раисҷумҳури Ӯзбекистон қабули қатъномаи таҳаммулпазирии (толеорантӣ) маърифӣ ва динӣ буд. Ассамблеяи умумии Созмони милали муттаҳид ин қатъномаро 12 декабри соли 2018 қабул кард.
Ташаббуси савум бардоштани муаммои Орол ва ташаббуси чорум ҳалли муаммои Афғонистон буд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ