Пандемия дар миёни кишварҳои пешрафта ба Британия зарари бештаринро расонд

Пандемия дар миёни кишварҳои пешрафта ба Британия зарари бештаринро расонд

  • Post category:Иқтисод


Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд маълум кард, ки Британияи Кабир дар миёни кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон беш аз ҳама аз пандемия зарар расонд.
Дар дувумин чоряки соли ҷорӣ маҳсулоти нохолиси дохилии (ВВП) Британия 20,4 дарсад кам шуд.
Мутахассисон мегӯянд, ки маҳдудиятҳои карантин боиси зарари калони иқтисодии Британия гардид. Чунин зарар дар таърихи Британия бори аввал мушоҳида мешавад.
Бори аввал ҳаҷми қарзҳои хориҷии подшоҳӣ беш аз 2 триллион фунт стерлинг (беш аз 2,6 триллион доллар) шуд. Бино ба пешбиниҳо сатҳи бекорӣ имсол дар Британия аз 4 дарсад то 9 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.
Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд соли 1961 таъсиси ёфтааст. 37 кишвари пешрафтаи ҷаҳон узви ин созмон мебошанд.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ