Як гурӯҳ ходимони соҳаҳои фан, таълим, адабиёт, маданият, санъат ва воситаҳои ахбори оммавӣ бо унвонҳои ифтихорӣ, орден ва медалҳо мукофотонида шуданд

Як гурӯҳ ходимони соҳаҳои фан, таълим, адабиёт, маданият, санъат ва воситаҳои ахбори оммавӣ бо унвонҳои ифтихорӣ, орден ва медалҳо мукофотонида шуданд

Бо фармони Президенти Ҷумҳурияти Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев аз 27-уми августи соли 2020 «Дар бораи мукофотонидани як гурӯҳ ходимони соҳаҳои фан, таълим, адабиёт, маданият, санъат ва воситаҳои ахбори оммавӣ ба муносибати 29-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурияти Ўзбекистон» якчанд нафар ҳамдиёрони мо бо унвонҳои ифтихорӣ, орден ва медалҳо мукофотонида шуданд. Дар байни онҳо аз вилоятамон инҳо ҳастанд:

Бо унвони ифтихории “ Ўзбекистон Республикаси халқ устаси”
АСАДОВ Мирҷамол – узви Иттиҳодияи ҷумҳурии “Ҳунарманд”, устои кандакории чӯб
Бо ордени
Бо ордени “Эл-юрт ҳурмати”
МУҲИДДИНОВ Муслиҳиддин Қутбиддинович – профессори кафедраи таърихи ададбиёти мумтози Донишгоҳи давлатии Самарқанд
Бо ордени “Дӯстлик”
ҚОДИРОВ Баён – роҳбари маҳфили мақоми назди шӯъбаи маданияти ноҳияи Ургут
Бо медали “Содиқ хизматлари учун”
МИРЗОЕВ Манучеҳр Бобораҳимович – сарвари хизмати ахбори ҳокимияти вилояти Самарқанд
Бо медали “Соғлом турмуш”
ТУГАНОВА Барно Асророва – сарвари муассисаи таълимии ғаридавлатии “Манзурабону”-и ноҳияи Пайариқ
Бо медали “Шуҳрат”
УМАРОВА Анзират Очилова – артисти вокали Театри драмаи мусиқии вилояти Самарқанд

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ