Дар арафаи байрам 113 нафар афв гардиданд

Дар асоси фармони Президенти мамлакат дар арафаи Рӯзи истиқлолияти давлатӣ 113 нафар афв гардиданд.
Ин шаҳрвандон, ки барои содир намудани ҷиноят ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо карда, аз корҳои кардаашон самимона изҳори пушаймонӣ кардаву ба роҳи ислоҳ қадам гузоштанд.
Аз афвшудагон панҷ нафар пурра аз ҷазо озод карда мешаванд, 53 нафар шартан озод карда мешаванд. Ғайр аз ин, мӯҳлати ҷазо дар намуди маҳрум сохтан барои 40 нафар кам карда шуда, ба 15 нафар ҷазои сабуктар иваз карда мешавад.
Миёни афвшудагон, як нафари аз 60-сола боло, ду шаҳрванди давлати хориҷӣ, 105 нафар шаҳрвандоне, ки дар фаъолияти созмонҳои мамнӯъ ширкат варзиданд, мебошанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ