Иммунитет ба COVID-19 дар онҳое ҳосил мешавад, ки бемориашон бенишона мегузарад


Анна Попова, раиси Хадамоти федералии назорати бахши ҳуқуқи истеъмолкунандагони Русия (Роспотребнадзор) мегӯяд, “Иммунитет ба коронавируси нав дар онҳое ҳосил мешавад, ки бемориашон бенишона мегузарад”. Дар ин бора Новости хабар дод.
Ба гуфтаи Попова, дар Русия бо иштироки беш аз 70 ҳазор нафар озмоиши махсус баргузор шуд. Бино ба натиҷаҳои озмоиш, он мубталоёни коронавирус, ки бемориро бе нишонаҳо паси сар мекунанд, дар баданашон иммунитет ба COVID-19 ҳосил мегардад. Қабл аз ҳама кӯдакон ва наврасон (то синни 18) баъди бемории бенишона иммунитет пайдо мекунанд.
Манбаъ: МИР 24

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ