Дар Минск даҳҳо нафар хабарнигор боздошт шуданд

Дар Минск даҳҳо нафар хабарнигор боздошт шуданд

  • Post category:Ҷаҳон


Рӯзи 28 август дар Минск тақрибан 30 нафар хабарнигор боздошт шуданд. Баъзе аз онҳо хабарнигорони хориҷӣ, аз ҷумла Русия буданд.
Намояндаи расмии вазорати корҳои дохилии Белорус маълум кард, ки онҳо “боздошт нашуданд”, танҳо барои тафтиши сабтином (аккредитатсия) ба идораи корҳои дохилӣ бурда шуданд. Баъди чанд соат аксарияти хабарнигорон раҳо шуданд. Дар зимн, баъзе кормандони расонаҳои хабарӣ гуфтанд, ки пулис аз онҳо талаб кардааст, ки аксҳову наворҳои бардоштаашонро ҳазф (кӯр) кунанд.
Хабарнигорон дар бораи тазоҳуроти (протест) тақрибан ҳазор нафар дар маркази Минск матлаб омода мекарданд. Ин дар ду ҳафтаи охир нахустин тазоҳуроте буд, ки пулис онҳоро пароканда кард. Тахминан 180 нафар эътирозгар боздошт шуданд.
Манбаъ: ru.euronews.com

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ