Вохӯрии намояндагони кишварҳои иштироккунандаи «EXPO-2020 DUBAI» ба таври фосилавӣ доир гардид

Вохӯрии намояндагони кишварҳои иштироккунандаи «EXPO-2020 DUBAI» ба таври фосилавӣ доир гардид

  • Post category:Ҷаҳон

Дар вохӯрии намояндагони кишварҳои иштироккунандаи «EXPO-2020 DUBAI», ки ба таври фосилавӣ зарфи чор рӯз — аз 24 то 27 август идома ёфт, 500 нафар намояндагони 180 давлати ҷаҳон ширкат намуданд, ки он як навъ нуқтаи назоратӣ барои ташкилкунандагони бузургтарин лоиҳаи намоишгоҳи «EXPO-2020 DUBAI» дар ҷаҳон мебошад.
Дар 5-умин вохӯрии фосилавии иштирокчиёни байналмилалии «EXPO-2020» Вазири корҳои хориҷии Аморати Муттаҳидаи Араб /АМА/ Шайх Абдулло бин Зайд Ал Наҳаён, котиби генералии Бюрои байналмилалии намоишҳо Дмитрий Керкентзес, инчунин Вазири таҳаммул ва хамзистии АМА, Комиссари генералии «EXPO 2020» Дубай, Президенти Департаменти авиатсияи граждании Амороти Дубай, Раиси Фурудгоҳи Дубай, директори иҷроия ва президенти «The Emirates Group», Раиси Олии кумитаи «EXPO 2020» Дубай, Вазири Давлатӣ оид ба ҳамкории байналмилалии АМА, Директори генералии «EXPO 2020» Дубай ва дигар намояндагони баландпояи АМА иштирок ва сухан карданд.
Ин мулоқот яке аз марҳилаҳои асосӣ оид ба омодагӣ ба гузаронидани Намоишгоҳи байналмилалии «EXPO 2020 DUBAI» маҳсуб меёбад.
Дар вохӯрӣ иштирокчиёни байналмилалии Намоишгоҳи «EXPO-2020» масъалаҳои сохтмон ва иҷораи павилйонҳо, таҷҳиз ва ҷобаҷогузории нигораҳои намоишгоҳ, навсозии сомонаҳо ва асоси кори онҳо, амният, бақайдгирии кормандон ва меҳмонон, идоракунии павилйонҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва тиҷоратӣ, гузаронидани Рӯзҳои миллӣ, фаъолияти гӯшаҳои тиҷоратӣ, гузаронидани намоишгоҳҳои виртуалӣ, масъалаҳои вобаста ба такдими туҳфаҳои хотиравӣ ва армуғонҳо, муарифии хӯрокҳои миллӣ, нӯшокиҳо ва дигар масъалаҳои ташкилиро матраҳ намуданд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ