Оё коронавирус фарбеҳиро “нағз мебинад”?

Оё коронавирус фарбеҳиро “нағз мебинад”?

  • Post category:Саломатӣ


Олимони Донишгоҳи Каролинаи Шимолии ИМА дар пайи як таҳқиқот ба ин хулоса расиданд, ки фарбеҳӣ хавфи марги мубталои коронавирусро бештар мекунад. Ҳамчунин, фарбеҳӣ метавонад таъсири ваксинаи зидди коронавирусро камтар кунад. Дар ин бора kun.uz ба нақл аз “РИА Новости” хабар дод.
Бино ба маълумоти олимон, фарбеҳӣ хафви марги бемори COVID-19-ро 48 дарсад зиёдтар мекунад. Илова бар ин, дар баъзе ҳолатҳо ваксинаи зидди коронавирус ба беморони COVID-19 таъсир нахоҳад кард. Агар индекси вазни инсон аз 30 болотар бошад, эҳтимоли мубталои коронавирус шудани ӯ зиёд аст. Хавфи мубталои коронавирус шудани фарбеҳҳо 113 дарсад аст. Дар 74 дарсад ҳолат онҳоро бахши эҳё (реаниматсия) мунтазир аст.
Донишгоҳи Каролинаи Шимолӣ бо супориши Бонки ҷаҳонӣ ин таҳқиқотро анҷом доданд.
Гуфта мешавад, ки сатҳи фарбеҳӣ дар ИМА ва Британияи Кабир хеле боло аст. Беш аз 40 дарсади амрикоиҳо ва 27 дарсади аҳолии Британия аз фарбеҳӣ ранҷ мебаранд.
Чанде пеш олимони Чин кашф карда буданд, ки агар дар хуни инсон миқдори қанд зиёд бошад, эҳтимоли мубталои коронавирус шудани ӯ 2 баробар афзоиш меёбад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ