Лукашенко: Ҳавопаймоҳои НАТО дар сарҳади Белорус қарор доранд


Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорус гуфт, ки Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ба сарҳади Белорус ҳаждаҳто ҳавопаймои ҷангандаи амрикоӣ – F-16-ро фиристодааст.
Лукашенко гуфт, “Агар F-16-ҳои амрикоӣ дар Берлин буданд, чизе набуд, бигузор ҳамон ҷо биистанд. На, онҳо ҳавопаймоҳоро ба ин ҷо – дар фосилаи парвози 15-20 дақиқаӣ ба минтақаи мо фиристоданд.
Александр Лукашенко бо ин ҳарфҳо маълум кард, ки чаро дар сарҳад нерӯҳои мусаллаҳро ҷойгир намуд ва нисфи артишро ба ҳоли омодабош овард.
Ёдовар мешавем, Белорус рӯзҳои 28-31 август дар вилояти Гроднен, минтақаи ҳамсарҳад бо Литва размоиши бузург баргузор мекунад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ