Дар ҷараёни омодагӣ ба нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар Самарқанд тақрибан 7,4 миллиард сӯм ғорат шуд

Дар ҷараёни омодагӣ ба нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар Самарқанд тақрибан 7,4 миллиард сӯм ғорат шуд

  • Post category:Иқтисод


Дар раванди корҳои омодагӣ ба нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар Самарқанд тақрибан 7,4 миллиард сӯм (721 ҳазор доллар) ба ғорат рафт. Дар ин бора додситонии кулли (генпрокуратура) кишвар хабар дод.
Гуфта мешавад, ки дар ин ҷараён назорати молиявии истифодаи бомақсади маблағ дар сохтусози биноҳо ва назорати техникии меъёри сохтусоз нодуруст ба роҳ монда шудааст.
Бино ба маълумот, сохтусози ноқонунии 4 сохтмони роҳи мошингард ва 8 сохтмони обрасонӣ кашф шудааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2022 дар Самарқанд нишасти Созмони ҳамкории Шанхай баргузор хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир корҳои сохтусозӣ ва бозсозии чандин биноҳо идома дорад.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ