Вазири корҳои хориҷии Афғонистон ба Мирзиёев сипосгузорӣ кард


Ҳаниф Атмар, вазири корҳои хориҷии Афғонистон, рӯзи гузашта дар чорчӯби ташрифи худ дар Тошканд бо Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон мулоқот кард.
Дар ин мулоқот вазъияти имрӯзаву ояндаи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, энергетика ва ғайра баррасӣ шуд.
Тарафҳо идомаи ҳамкории бисёрҷонибаи Афғонистон ва Ӯзбекистонро қаноатмандона таъкид карданд.
Ҳамчунин, Ҳаниф Атмар ба раисҷумҳури Ӯзбекистон – Шавкат Мирзиёев барои кӯшишҳояш дар бозсозии иқтисодиву иҷтимоӣ ва сулҳ дар Афғонистон сипосгузорӣ кард.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ