Дар миёни Ӯзбекистон ва Русия ҳар ҳафта қатораҳо ҳаракат мекунанд


Аз 28 август ба ин сӯ ҳар ҳафта аз Ӯзбекистон ба Русия қатораҳо рафтуомад мекунанд. Дар ин бора вазорати корҳои хориҷӣ хабар дод.
Бар асоси барномаи комиссияи махсуси мубориза бо коронавируси Ӯзбекистон, акнун ҳар ҳафта қатораҳои “Ӯзбекистон темир йӯллари” ба шаҳрҳои Екатеринбург, Ростов-Дон, Новосибирск ва Самарра рафтуомад хоҳанд кард.
Дар ҳоли ҳозир ҷамъ шудани муҳоҷирони ӯзбекистонӣ дар истгоҳҳои роҳи оҳани Русия ҳанӯз идома дорад ва ин ба ҷараёни бозгардондани марҳила ба марҳилаи онҳо ба ватан таъсири манфӣ мерасонад.
Дар баёнияи вазорати корҳои хориҷӣ чунин гуфта мешавад, “Аз ҳамватаноне, ки дар Русияанд, дархост мекунем, ки дар истгоҳҳои роҳи оҳан ҷамъ нашаванд ва чанд муддати дигар дар ҷойҳое, ки муваққатан истодаанд, монанд ва ба талабҳои карантин риоя кунанд”.
Манбаъ: qalampir.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ