Дар майдони Регистон намоиши «таърихи таълими Самарқанд» оғоз гардид

Дар майдони Регистон намоиши «таърихи таълими Самарқанд» оғоз гардид


Ба муносибати таъсиси 600 -солагии мадрасаи М. Улуғбеки майдони Регистон санаи 28 -уми август соати 10:00 намоиши «таърихи таълими Самарқанд» кори худро оғоз кард. Дар ҷараёни намоиш оиди давраҳои гуногуни таълим, ривоҷ ва шаклёбии соҳа, сохтор ва таъминоти моддии он батафсил маълумот дода мешавад.
Бояд таъкид намуд, ки мадрасаи Улуғбек яке аз мадрасаҳои қадима буда, дар давраи давлатдории Темуриён аз ҷониби астраном, олим Улуғбек бунёд шудааст. Бунёди сохтмони мазкур барои Самарқанд дар асрҳои миёна ба сифати маркази асосии фанҳои Шарқ шӯҳрат пайдо кард.
Мувофиқи хабари хизмати Ахбори департаменти ривоҷи соҳаи туризми вилояти Самарқанд, иштирок дар намоишгоҳ ройгон аст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ