Тоҷикистон аз Ӯзбекистон 1500 тонна гандуми тухмии  навъҳои серҳосил мехарад

Тоҷикистон аз Ӯзбекистон 1500 тонна гандуми тухмии  навъҳои серҳосил мехарад

  • Post category:Ҷаҳон

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзҳои 25 ва 26 августи соли 2020 бо дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони вилояти Суғд бо роҳбарии сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Хайрулло Бобозода ба вилояти Фарғонаи мамлакатамон сафар карда, бо роҳбарияти ин вилоят дидору гуфтугӯҳо анҷом додаанд.
Зимни вохӯрӣ бо роҳбарияти вилояти Фарғона таъкид гардид, ки Фарғона омода аст тухмии гандумро бо нархи нисбатан арзон, яъне 350 доллари ИМА барои як тонна пешниҳод намояд.​
«Қарор шуд, ки ба вилояти Суғд 1500 тонна гандуми навъи “Безостая-100” ворид карда шавад», — омадааст дар хабарнома.
Намояндагони вилояти Суғд аз Корпоратсияи “Қӯқанд дон маҳсулотлари”-и шаҳри Фарғона низ боздид намуда, барои тақвияти ҳамкориҳо ва воридсозии гандум ба вилояти Суғд мулоқоти судманд анҷом додаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ