Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ: марг дар фасли зимистон аз коронавирус афзоиш меёбад

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ: марг дар фасли зимистон аз коронавирус афзоиш меёбад

  • Post category:Саломатӣ

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) пешгӯӣ мекунад, ки марг дар фасли зимистон аз коронавирус метавонад афзоиш ёбад.
Дар ин бора доктор Ханс Клюге, Директори минтақавии ин ташкилот дар Аврупо гуфтааст, хабар медиҳад The ​​Guardian.
Бо фаро расии сармо эҳтимол дорад, ки гурӯҳи синну соли ҷавон бо аҳолии калонсол тамосҳои наздиктар хоҳад дошт.
Клюге ба ҷавонон ҳушдор додааст, ки пандемияи коронавирус “тӯфони думдор” аст. Номбурда аз кишварҳо даъват кард, ки чораҳои муассири назорат ва пайгирӣ ҷорӣ намоянд.
“Аввалаш-оғози саршавии дарсҳо дар макотиб . Дуюм- мавсими зуком. Ва саввум фавти аз ҳад зиёди аҳолии пиронсол, ки дар зимистон мушоҳида мешавад «, — гуфтааст Клюге .
Вай инчунин илова кард, ки инсоният аллакай дар мубориза бо ин сироят таҷриба андӯхтааст, аз ин рӯ такрори вазъияте, ки дар ҷаҳон дар аввали баҳори имсол ба вуҷуд омада буд, чунин ҳолат рух надиҳад.
Бино бар пояи оморҳои ахир шумори гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба беш аз 24 миллион ва теъдоди фавтидагон ба зиёда аз 821 ҳазор нафар мерасад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ