Зеленский ба милитсияи мамлакат ташаккур гуфт

Президенти Украина Владимир Зеленский ба полиси ин кишвар барои фавран боздошт намудани гумонбаршудагон дар ҳамла ба автобус дар шоҳроҳи Киев-Харков изҳори сипос намуд.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки як гуруҳ ҷавонони мусаллаҳ ба автобуси ҳомили ҳизби “Патриотҳои ҳаёт”- оташ зада буданд. Намояндагони ин ҳизб корпуси миллии миллатгароёнро дар ҳамла ба автобус муттаҳам карданд. Пулис 14 гумонбарро боздошт кард. «Ташаккур ба полис барои боздошти фаврӣ ва ҳабс кардани гумонбарон дар тирпаронӣ дар вилояти Харков, ки дар онҷо як гурӯҳи ҷавонони мусаллаҳ ба автобус ҳамла карданд. Чунин самаранокӣ бояд муқаррарӣ бош. Ҷамъият бояд дар хотир дорад, ки давлат қувват дорад ва қонун мавҷуд аст. Шаҳрванд бояд эҳсоси амниятро дошта бошад” гуфтааст Зеленский дар Телеграмм канали худ. Сарвари давлат инчунин илова намудааст, ки ҳамлагарон сарфи назар аз мансубияти сиёсии бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
«На мансубият ба қувваҳои муайяни сиёсӣ ва на риояи ақидаҳои мухталиф, динҳо, нуқтаи назарҳо, набояд баҳона барои ҷиноят бошанд», мегуяд Зеленский.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ