NASA масъалаи дар кайҳон филм бардоштанро меомӯзад


Идораи миллии фазонавардӣ ва тадқиқоти кайҳони ИМА – NASA масъалаи дар кайҳон филм ба навор гирифтанро меомӯзад. Замони амалӣ шудани ин лоиҳа ҳоло дақиқ нест. Дар ин бора ТАСС хабар медиҳад.
Ҷим Брайденстайн, мудири NASA гуфт, ки дар ҳоли ҳозир масъалаи ҷалби фазонавардони ҳақиқӣ ба филмбардорӣ баррасӣ мешавад.
Ӯ афзуд, “Мо ба фаъолияти тиҷорӣ дар истгоҳҳои кайҳонӣ эҳтиёҷ дорем ва барои ин фаъолият фазонавардоне заруранд, ки вазифаҳои тиҷориро анҷом медиҳанд”.
Ёдовар мешавем, Брайденстайн ҳанӯз дар фасли баҳор дар шабакаҳои иҷтимоӣ нависта буд, ки имкони ба навор гирифтани фимл дар кайҳон вуҷуд дорад. Ӯ умед дорад, ки ин лоиҳа ба муҳандисону олимони насли нав илҳом мебахшад. Пеш аз ин Илон Маск асосгузор, мудир ва сармуҳандиси ширкати SpaceX эълон карда буд, ки барои филм бардоштан берун аз сайёраи Замин қарор кардааст. Том Круз номзади қаҳрамони асосии ин филм ба шумор меравад.
Манбаъ: МИР 24

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ