Пандемия дар ҷаҳон ақибнишинӣ мекунад

Пандемия дар ҷаҳон ақибнишинӣ мекунад

  • Post category:Ҷаҳон


Дар як ҳафтаи охир дар ҷаҳон 1,8 миллион нафар мубталои коронавирус шуданд ва 1,45 миллион нафар бемори COVID-19 шифо ёфтанд. Дар ин бора ТАСС хабар дод.
Бо ҳисоби умумӣ, шумори мубталоён дар ҷаҳон ба 24,5 миллион нафар ва шумори шифоёфтагон ба 16 миллион нафар расидааст. Мезони марг бар асари COVID-19 то 3,4 дарсад кам шуд.
Ҳамчунин, дар Фаронса, Испания, Британия, Италия ва Туркия пандемия дубора авҷ мегирад.
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки афзоиши тестҳои коронавирус дар баъзе кишварҳо боиси зиёд шудани беморон гардидааст.
Дар ҳоли ҳозир дар Чин беш аз аҳолӣ 90 миллион тест гирифта шудааст. Ин нишондод дар ИМА 80 миллион, дар Ҳиндустон 40 миллион ва Русия 35,7 миллион аст.
Тедрос Гебрейесус, раиси созмони ҷаҳонии тандурустӣ рӯзи 20 август фикри худро дар бораи замони ақибнишинии коронавирус изҳор карда буд. Ба гуфтаи ӯ, ба инсоният барои мағлуб кардани коронавирус ҳадди ақал 2 сол зарур аст.
Манбаъ: Дарё

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ