Шумори қурбониёнии тӯфони “Лаура” дар ИМА ба 14 нафар расид

Шумори қурбониёнии тӯфони “Лаура” дар ИМА ба 14 нафар расид

  • Post category:Ҷаҳон


Дар ИМА 14 нафар қурбони тӯфони “Лаура” шуданд. Дар ин бора Ассошиэйтид Пресс хабар дод. “Лаура” яке аз тӯфони бузургтарин дар таърихи ИМА эътироф гардид.
Тӯфон тақрибан миллион нафар сокини Луизиана, Техас ва Арканзасро тайи чанд соат аз барқ маҳрум кард. Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА мехоҳад ба зудӣ ба минтақаҳои аз тӯфон осебдида равад ва шахсан ба ҳаҷми талафот баҳо диҳад.
Одатан дар Атлантика мавсими тӯфонҳо ним сол – аз оғози июн то поёни ноябр идома меёбад. Ҳама тӯфонҳо мисли “Лаура” фалокатовар нестанд. Вале, агар суръати бод дар як соат ба 62 километр расад, тӯфон хатарнок аст ва ба ӯ номи махсус медиҳанд.
Манбаъ: МИР 24

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ