Аз ҳаёти бузургони олам

Аз ҳаёти бузургони олам

  • Post category:Фарҳанг


Нависанда Эмил Золя барои кори босамару муваффақиятнок ҳангоми эҷоди асарҳояш худро ба курсӣ мебаст.


Наполеон ҳангоми қартабозӣ аз ҳад зиёд ҳарифонашро фиреб медод, дурӯғ мегуфт ва ба қавле, ҳаромбозӣ мекард.


Бастакор Вагнер порчаҳои равшани ранги шоҳиро болои курсиҳо паҳн мекард ва онҳоро даст гирифта, меафшонду ҳамзамон мусиқӣ менавишт.


Боре Исаак Нютон дар хонааш меҳмононро қабул мекунад ва барои овардани чизе ба утоқи кориаш медарояд. Меҳмонон хеле мунтазир мешаванду аз соҳибхона дараке намешавад. Баъдан маълум мегардад, ки олим ба утоқи кориаш даромада, рӯйи асари хеш он қадар ба андеша меравад, ки дӯстонашро фаромӯш мекунад.


Риёзидони машҳур Архимед боре аз ҳалли масъалае ба ваҷд омада, ғайриихтиёр урён давида ба кӯча мебарояд.


Агар Гёте бӯйи сирро ҳис мекард, ё одами айнакдор ва ё сагеро медид, навишта наметавонист.


Боре бастакори машҳур Бетховен дар тарабхона аз дуруштии пешхизмат дар ғазаб шуда, таомро ба сари ӯ чаппа кард.


Александр Дюма ҳангоми эҷод ягон маротиба қаҳваю арақ наменӯшид, сигор ҳам дуд намекард.


Симфонияи номаълуми хеле бармаҳал навиштаи Мотсарт дар китобхонаи давлатии Бавария ёфт шудааст. Мотсарт ҳангоми навиштани ин симфония нуҳсола буд. Симфонияи мазкурро, ки аз се қисм иборат мебошад, муаллиф онро соли 1765 дар Лондон эҷод кардааст.
Фароҳамсоз Ҳотами ҲОМИД,

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ