Сарвати асосгузори Facebook дар як ҳафта 10 миллиард доллар зиёд шуд


Бино ба феҳристи Forbes Real-Time арзиши сарвати Марк Сукерберг, асосгузор ва сармудири шабакаи иҷтимоии Facebook ба 107,8 миллиард доллар расидааст.
Дар як ҳафта нархи саҳмияҳои Facebook 4 дарсад қиматтар шуд ва дар натиҷа сарвати Сукерберг дар ин муддати ночиз 10 миллиард доллар афзоиш ёфт. Рӯзи ҷумъа нархи як саҳмияи Facebook 293,66 доллар шуд.
Ҳамчунин, дар ҳафтаи гузашта сарвати тадбиркори дигари машҳури амрикоӣ – Илон Маск 6,1 миллиард доллар зиёд шуд.
Гуфта мешавад, ки дар ин муддат сарвати умумии 10 нафар миллиардери амрикоӣ ва осиёӣ 49 миллиард доллар афзоиш ёфтааст.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ