Шумори қурбониёни фурӯрезии меҳмонхона дар Чин ба 17 нафар расид

Шумори қурбониёни фурӯрезии меҳмонхона дар Чин ба 17 нафар расид

  • Post category:Ҷаҳон


Дар натиҷаи фурӯ рехтани як меҳмонхона дар вилояти Шансии Чин 17 нафар кушта шуданд ва 28 нафар захмҳои гуногун бардоштанд. Дар ин бора расонаҳои хабарии Чин гузориш доданд.
Барои назорати корҳои наҷотдиҳӣ дар ҷойи ҳодиса намояндагони вазорати фавқулоддаи Чин ҳозир шудаанд.
Ин ҳодиса дар шаҳри Линфэн рух додааст. Наҷотдиҳандагон ҳанӯз дар зери харобаҳо одамонро ҷустуҷӯ мекунанд.
Сабаби фурӯ рехтани меҳмонхона ҳанӯз маълум нашудааст.
Манбаъ: kun.uz

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ