COVID-19: тамоюлҳои охирини ҷаҳон

COVID-19: тамоюлҳои охирини ҷаҳон

  • Post category:Саломатӣ

Раиси Суди олии федералии Бразилия Д.Тоффоли эълом намуд, ки кишвараш ҳаргиз ба чунин фоҷиаи миқёсан густурда мувоҷеҳ нашуда буд. Вай ба хешу ақрабои фавтидагон изҳори тасаллияти амиқ кард. Парчамҳои кишвар дар назди бинои парламент аллакай ҳамчун нишони мотам нимапоин шудаанд. Ёдовар мешавем, ки дар моҳи май низ дар ҷумҳурӣ мотами серӯза эълон шуда буд. Ин замоне сурат гирифт, ки шумораи ҷонбохтагони COVID-19 аз марзи 10 ҳазор тан убур намуд.

Тибқи иттилои Greekcitytimes.com, чанд рӯз қабл дар Юнон 203 ҳолати нави сироятёбӣ сабт шуда буд, ки баландтарин шумораи ҳаррӯзаи сабти беморӣ аз оғози пандемия мебошад. Тибқи иттилои сомона, ин вазъият мақомотро нигарон кардааст ва дар айни замон барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии беморӣ ҷорӣ кардани чораҳои маҳдудкунандаро баррасӣ мекунанд. Шумораи пешини ҳадди аксари ҳолатҳои дар як рӯз сабт шуда — 156 нафар бемори нав буд ва моҳи апрел сабт шуда буд.

Дар натиҷаи буҳрони миқёсан калони вобаста ба пандемияи коронавирус даромадҳои соҳаи сайёҳии Германия 47% кам шудаанд. Дар ин бора дар гузориши Идораи федералии омор (destatis.de) гуфта шудааст.

Ассотсиатсияи меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳои Германия (Dehoga) хабар дод, ки дар шаш моҳи аввали соли равон ҳам сайёҳии дохилӣ ва ҳам хориҷӣ амалан «қатъ шуда буд». Чораҳои шадиди маҳдудкунанда боиси талафоти назаррас ва якбора паст шудани миқдори фармоиши ҷой дар меҳмонхонаҳои минтақаҳои истироҳатӣ гардид.

Соҳаи мазкур аз ин метарсад, ки бо сабаби дар рӯзҳои охир зиёд шудани ҳолатҳои сироятёбӣ дар қаламрави кишвар даромади он минбаъд боз камтар мешавад.

The Daily Telegraph хабар медиҳад, ки мақомоти Бритониё метавонанд интишори омори ҳаррӯзаро дар бораи маргу мири вобаста ба коронавирус қатъ кунанд, зеро онҳо ба саҳеҳии рақамҳои дар он овардашуда бовар надоранд. Ҳоло методологияи тартиб додани омори миллӣ оид ба коронавирус (дар мавриди ҳолатҳои маргу мир) омӯхта мешавад. Санҷиш бо ташаббуси вазири тандурустии шоҳигарӣ М.Хэнкок сурат мегирад ва ӯ бар ин бовар аст, ки мақомоти Англия шумораи фавтидагонро «барзиёд» нишон додаанд.

Зикр карда мешавад, ки қарори ниҳоӣ дар бораи интишори ҳафтаина ё ҳаррӯзаи маълумот оид ба ҳолатҳои маргу мир дар тӯли ин ҳафта қабул хоҳад шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ