АНҶИР

АНҶИР

  • Post category:Саломатӣ

АНҶИР (Ficus carica) – бутта ё дарахтест хурд. Анҷири худрӯй то 4 – 5 м қад мекашад. Танааш сершох, баргаш калони чокдор, мевааш мурӯдшакл ё кулчамонанди зард, сабз, бунафш ва бӯр. Анҷири худрӯй одатан дар кӯҳистонҳо дучор меояд.
Бино ба маълумоти Ҷолинус анҷири қоқ меъдаро тоза мекунад. Ба ақидаи Абӯалии Сино истеъмоли анҷир дар наҳорӣ, хусусан якҷоя бо чормағз ва бодом барои организм судбахш аст. Қабзияти ҷигару сипурзро мекушояд, барои гурда ва масона нафъ меорад, реги гурдаро меронад, бемории саръро (қуёнчиқ, эпилепсия) шифо мебахшад, ранги рӯйро тоза мекунад, думалро «мепазонад».
Агар аз решаи он якҷоя бо решаи бунафша, сода ва оҳаки шукуфта марҳам сохта ба нохун банданд, касалии нохунхӯракро шифо мебахшад. Бо ҷӯшоби анҷир ҳангоми варам кардан гулӯро ғарғара мекунанд. Ғӯраи анҷирро ба доғҳои модарзодӣ ва озах мебанданд. Абӯалии Сино бо шароби анҷир сурфаи кӯҳна, дарди сандуқи сина, омоси шуш ва нойчаҳои шушро табобат мекард. Барги анҷир барои илоҷи шукуфа нафъ дорад; онро ҳангоми саглес ва захмҳои гуногун истифода мекунанд. Афшураи барги анҷир вашм (холкӯбӣ, татуировка)-ро меравонад. Омехтаи шираи барги анҷир бо кафки хардал хоришакро шифо мебахшад. Абӯалии Сино ҷӯшоби анҷирқоқро барои муолиҷаи гирифтани овоз ва сусткамарӣ тавсия додааст. ӯ дар “Ал-Воҳия” овардааст, ки анҷирқоқ барои бемории саръ, махав, обхӯра ва шукуфа, шираи он барои чашмдард, дандондард, шукуфа муфид аст, барги анҷир сабӯсаки сарро нест мекунад, шилми он гули чашмро меравонад. Бино ба маълумоти “Эҳёу-т-тиб” анҷири бо сирко омехта барои бемориҳои испурҷ нафъ дорад. Дар “Махзану-л-адвия” қайд шудааст, ки анҷир ҳангоми дилзанӣ, зиқи нафас, сулфа, дарди сандуқи сина, сахт шудани пардаи шуш муфид буда, давои арақовар аст. «Анҷир серғизо, зудҳазм, таскиндиҳандаи ҳарорат ва ташнагӣ мебошад… Хӯрдани он бо бодом ва писта ҷиҳати ислоҳи баданҳои заиф… нофеъ аст. Ва чун ношто бихӯранд, маҷрои (роҳи) ғизоро кушода намояд ва баданро фарбеҳ созад ва хӯрдани он пеш аз таом… шикамро мулоим мекунад».
Дар тибби халқӣ реша, шираи тана, барг ва меваи анҷирро барои табобати бемориҳои гуногун истифода мебаранд. анҷирро давои бемории сил, узвҳои нафас, ҷигар, гурда, меъда, сулфа, гулӯдард, сулфакабудак меҳисобанд. Ҷӯшоби баргҳои хушк ва решаи анҷирро ҳангоми заъфи меъда, ҷӯшоби меваашро барои муолиҷаи бемориҳои гурда, чакмезакӣ ва камхунӣ истифода мебаранд. Чойи анҷирқоқ дарди гулӯро рафъ менамояд. Меваи дар шир ҷӯшондаи онро барои муолиҷаи назлаи сахти роҳҳои болоии нафас, бронхит, нойи нафас, захми меъда, қабзияти музмин, рафъи дарди санги гурда ва чун воситаи тозакунандаи хун, балғамовар, пешоброн тавсия медиҳанд. Тухми анҷир давои исҳоловар аст. Шираи анҷирро барои муолиҷаи ҷароҳат ва гармича истифода мебаранд. Истеъмоли анҷир барои беморони диабети қанд ва илтиҳоби шадиди рӯда зарар дорад (албатта базе аз назарияҳо ҳоло иваз шудааст).
Дар тибби муосир аз барги анҷир доруи Псоберан тайёр мекунанд, ки барои муолиҷаи песӣ истифода мешавад. Анҷирқоқ ба таркиби доруи Кафиол дохил шудааст.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ