Аброҷ Ул-байт – муъҷизаи меъмории замони муосир

Аброҷ Ул-байт – муъҷизаи меъмории замони муосир

  • Post category:Ҷаҳон

Соли 2012 дар Маккаи мунаввараи Арабистони Саудӣ, рӯ ба рӯи ибодатгоҳи калонтарини мусалмонон – Масҷид ул-ҳаром, маҷмааи биноҳои осмонбӯс – Аброҷ ул-байт қомат афрохт, ки дар ҷаҳон чун баландтарин меҳмонхона ва вазнинтарин иншооти ҷаҳон шинохта шудааст.
Соли ҷорӣ сомонаи иттилоотии «Флай Абу-Забӣ» рӯйхати гаронарзиштарин биноҳои дунёро интишор намуд, ки маҷмааи Аброҷ ул-байт дар мақоми дуввум қарор дорад. Тибқи иттилои сомона, сохтмони он ҳашт сол (2004 – 2012) идома ёфта, барои бунёдаш 15 миллиард доллари ИМА харҷ гардидааст.
Маҷмаа аз ҳафт манора иборат буда, ҳар яке ба худ ном дорад: меҳмонхонаи «Манораи соати шоҳонаи Макка» (Makkah Clock Royal Tower), «Ҳоҷар» (баландиаш 260 метр), «Замзам» (260 метр), «Мақом» (250 метр), «Қибла» (250 метр), «Сафо» (240 метр) ва «Марва» (240 метр).
Меҳмонхонаи «Манораи соати шоҳонаи Макка» аз дигар манораҳо бо зебоӣ ва шаҳомати худ ба куллӣ фарқ мекунад. Баландиаш 601 метр буда, аз 123 ошёна иборат аст ва дорои 1542 ҳуҷра мебошад. Бар замми ин, манора бо соат ва ҳилоли зарҳалӣ оро дода шудааст, ки ба он шукӯҳи хоса мебахшанд. Диаметри соат, ки дар ҷаҳон калонтарин ба шумор меравад, 43 метрро ташкил медиҳад. Андозаи ақрабакҳои калон ва хурди «соати шоҳона» мутаносибан 22 ва 17 метр буда, дар маҷмӯъ вазнашон ба 15 тонна мерасад.
Инчунин, маҷмаа дорои манзилҳои истиқоматӣ, маркази савдои панҷошёна, идораҳои гуногун, толори конфронс ва майдон барои чархбол мебошад. Умуман, ин иншооти беназир метавонад 100 ҳазор нафарро бо сарпаноҳ таъмин намояд. Ва мақсад аз бунёди он, то ҷое бароварда кардани ниёзи зоирон мебошад, ки ҳар сол аз гӯшаву канори гуногуни дунё панҷ миллион нафар барои адои маносики ҳаҷҷи акбар ба Макка меоянд.
Маҷмааи Аброҷ ул-байт аз ҷониби коршиносони ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифта, яке аз муъҷизаҳои меъмории замони муосир эътироф мегардад, ки аз ҳақиқат дур нест.
Таҳияи Ш. ШОКИР

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ