“Қуръон”-сӯзӣ дар Шветсия боиси бетартибиҳо шуд

“Қуръон”-сӯзӣ дар Шветсия боиси бетартибиҳо шуд

  • Post category:Ҷаҳон


Дар шаҳри Малмёи Шветсия фаъолони зиддиисломӣ китоби “Қуръон”-и муқаддасро оташ заданд. Баъди ин амали зишт дар шаҳр бетартибиҳо оғоз шуд. Дар ин бора lenta.ru ба нақл аз шабакаи телевизионии STV хабар дод.
Бетартибиҳои густурда шаби ҷумъа, 28 август дар ноҳияи Русенгорд оғоз шуд. Дар ин бетартибиҳо тақрибан 300 нафар иштирок карданд. Эътирозгарон роҳи мошингардро комилан бастанд. Онҳо аз мушакҳо истифода карданд ва ба кормандони пулису гурӯҳи наҷотдиҳандагон бо шишаву сангфарш (брусчатка) ҳамла карданд. Эътирозгарон бо истифодаи шинаҳо сӯхторро ба амар оварданд, ки дар натиҷа чанд дона автомобили кормандони пулис ва наҷотдиҳандагон сӯхт.
Рикард Лундквист, намояндаи пулиси маҳаллӣ рӯзи гузашта гуфт, “Мо ҳоло бо бетартибиҳо мубориза мебарем. Дар тамоми ноҳия беоромӣ ҳукмфармо аст. Вазъият зери назорати мо нест ва ин боиси нигаронӣ мебошад”.
Чанд рӯзе пеш Дан Парк, рассоми кӯчагии иғвогаре, ки қаблан ба ҷурми барангехтани адоват миёни миллатҳо маҳкум шуда буд, ба ҳукумати шаҳри Малмё муроҷиат кард, ки барои баргузории намоиш дар назди Маркази исломии ноҳияи Русенгорд зери мавзӯи пайомадҳои исломисозии Скандинавия иҷозат диҳанд. Нақшаи ӯ сӯзондани “Қуръон” дар чорчӯби ин тадбир буд.
Аммо пулис барои баргузории намоиш ба Дан Парк иҷозат надод зеро таҳдид ба тартибу суботи ҷомеа хеле калон буд. Вале, тарафдорони намоиш тавонистанд, ки онро баргузор кунанд.
Бино ба хабари qalampir.uz вазъият имрӯз барқарор аст. Имоми мусалмонон ба ҷойи ҳодиса омада ва ҳамаро ба оромӣ даъват кардааст. Ҳамчунин, дар ин ҳодиса тақрибан 20 нафар боздошт шудаанд ва чандин корманди пулис захмҳои сабук бардоштаанд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ