Рӯзи 30 август дар Ӯзбекистон 368 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус сабт шуд.
Дар ин рӯз 5 нафар дар шаҳри Тошканд ва 1 нафар дар вилояти Тошканд бар асари COVID-19 даргузаштанд.
Ҳамчунин, рӯзи гузашта дар саросари кишвар 460 нафар бемор шифо ёфтанд.
Бино ба ҳолати рӯзи 30 август дар бемористонҳо 2394 нафар муолиҷа мегиранд. Вазъияти саломатии 250 нафари онҳо вазнин ва 137 нафар хеле вазнин аст.
Омори (статистика) шифоёбии беморон 93 дарсад мебошад.
Манбаъ: qalampir.uz
