Трамп: Дар шаҳрҳои амрикоӣ бетартибиҳоро танҳо бо зӯроварӣ аз байн бурдан мумкин аст

Трамп: Дар шаҳрҳои амрикоӣ бетартибиҳоро танҳо бо зӯроварӣ аз байн бурдан мумкин аст

  • Post category:Ҷаҳон


Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти муттаҳидаи Амрико роҳи ором кардани он шаҳрҳои кишварро, ки бетартибиҳо идома дорад, дар сафҳаи худ дар Твиттер навишт.
Ба гуфтаи Трамп, дар шаҳрҳое, ки сатҳи ҷиноят боло аст ва демократҳо ҳокими онҳоянд, танҳо бо зӯроварӣ ба бетартибиву хушунат поён додан мумкин аст. Ӯ пешниҳод мекунад, ки барои ба ин мақсад расидан аз Гвардияи миллӣ истифода бурда шавад. Вале, ҳукуматҳои маҳаллӣ ин пешниҳодро қабул намекунанд.
Ҳамчунин, Трамп ҳокими Портленд Тед Уилер, узви ҳизби демократҳоро сахт интиқод кард. Дар ин шаҳр то ҳол бетартибии густурда ҳукмфармо аст. Пешвои ИМА Тед Уилерро “девона, радикали чап, демократи бекорхӯҷа ва беақл” хонд.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ