Шавкат Мирзиёев: Дар Ӯзбекистон поягузорӣ ба Савумин Ренесанс дар ҷараён аст

Шавкат Мирзиёев: Дар Ӯзбекистон поягузорӣ ба Савумин Ренесанс дар ҷараён аст


Раисҷумҳури Ӯзбекистон дар маросими бошукӯҳ ба муносибати 29-умин солгарди истиқлоли Ӯзбекистон суханронии ҷолиб кард.
Шавкат Мирзиёев гуфт, “… Мо имрӯз метавонем бо ифтихор бигӯем, ки бо дурандешиву якдилӣ ва меҳнати фидокоронаи халқамон ҳама имтиҳонҳо муносиб паси сар карда истодаем. Аз ин назар, Рӯзи истиқлол, ки қадру қимати мо, ғуруру шаъни мо, дин диёнат ва давлатдории миллиро ба мо баргардонд, дар таърихи Ватанамон ҳамеша чун як сафҳаи дурахшон боқӣ хоҳад монд.
Ҳоло дар саросари ҷаҳон гап дар бораи ватани мо равад, ибораи “Ӯзбекистони нав” истифода мешавад”. Ин эътирофи ба сатҳи нави тараққиёт расидани мо ва комёбиҳои мо дар солҳои охир аст”.
Ӯ афзуд, “Дар ин замоне, ки қудрати бузурги халқи мо ҷӯш мезанад, агар бигӯем, ки – “Ҳоло поягузорӣ ба даври Савумин Ренесанс ҷараён дорад”, ҳақиқати маҳз мешавад. Чунки Ӯзбекистони имрӯз Ӯзбекистони рӯзи гузашта нест. Мардуми имрӯзи мо низ мардуми дирӯз нест.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ