ИСТИҚЛОЛИЯТ, ЯЪНЕ ҲУҚУҚ

ИСТИҚЛОЛИЯТ, ЯЪНЕ ҲУҚУҚ

Истиқлолият дар ҳама ҷабҳаҳо ҳама гуна пастзанӣ ва тобеиятро инкор менамояд, маънои эҳтироми байниякдигарӣ, ба қадри якдигар расидан, бо такя ба арзишҳои умумибашарӣ кор бурдан, дар асоси ҷаҳонбинии васеъ ва тафаккури озод умр ба сар бурдан ва имконияти озод ташаккул додани рӯзгори худро дорад.
Барои мо истиқлолият ин қабл аз ҳама ба даст гирифтани тақдири худ, онро идора карда тавонистан, худшиносӣ, эҳёи урфу одат ва арзишҳои миллӣ, сулҳу осоиш дар ҳар як хонадон, ҳифзи камолот мебошад.
Муҳимаш, 29 сол қабл ба мо, дар баробари имконияти амал кардан, ҳуқуқ дода шуд. Ин ҳуқуқи соҳиб будан ба сарватҳои табиии кишварамон, такя кардан ба иқтидору салоҳият ва ақлу заковати халқ, зиндагии сазовор ба ҳар як инсон ва оила ва ҳуқуқи барои насли оянда боқӣ гузоштани Ватани ҳамаҷониба рушдёфта мебошад.
Ба туфайли истиқлолият бино ба амалкарди ана ҳамин ҳуқуқ Ӯзбекистонро беш аз 170 мамлакати дунё эътироф намуд, бо беш аз 125 кишвар муносибатҳои расмии дипломатиро ба роҳ мондем.
Дар баробари ин, тӯли солҳои истиқлолият тамоюлҳои ҳуқуқии рушди робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодии хориҷии давлатамон руйи кор омаданд.
Дар натиҷаи қариб сӣ соли меҳнат, саъю кӯшиш, иқдомоти боварибахш сӯйи мақсадҳои неку наҷиб, аз ҳама муҳимаш, ислҳотҳоямон дар роҳи бунёди ҷамаъияти ҳуқуқбунёд, насле ба камол расид, ки обрӯю эътибори миллату мамлакатамонро дар арсаи ҷаҳон баланд бардоштан метавонад, писарону духтарони фидоие тарбия меёбанд, ки ҳамаҷониба комиланд, онҳо худашоноро худашон хушбахт месозанд.
Имрӯз дар шароити пандемия гувоҳи он мегардем, ки замон, инсоният тағйир меёбад. Ҳамаамон дар шароити ошкороию озодфикрӣ кор карданро меомӯзем. Зеро, тарзи ҳаёти ҳамаи давлатҳои рушдёфта, аҳли ҷомеаи дунё чунин аст, ҳамин роҳро дуруст меҳисобанд.
Хуш, мо ба ин комёбиҳо чӣ тавр ноил гардидем?
Қабл аз ҳама, ба туфайли роҳандозии сиёсати оқилона саноати Ӯзбекистони мо рушд кард, ба давлате табдил ёфт, ки иқтидору салоҳияти иқтисодиаш рӯ ба афзоиш аст.
Дар муддати кӯтоҳ дар мамлакатамон аз ҷониби созмонҳои давлативу ғайридавлатӣ низоми мулоқоти ошкорою пурсамар бо халқ роҳандозӣ шуд. Ин аст, ки муроҷиат ва мушкилоти зиёди шаҳрвандон дар чаҳорчӯбаи қонун ҳаллу фасл гардид.
Дар ҷамъият муҳити соҳибкорӣ ба вуҷуд омад. Ба соҳибкорон аз ҷониби давлат шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ҳар оила ҳисси майл ба соҳибкорӣ, худро худ таъмин кардан ва даромади реалӣ ташаккул меёбад, ташаббусҳо дастгирӣ карда мешаванд. Ҳамаи ин ба афзудани намудҳои истеҳсолот, хидмат ва ҷойҳои нави корӣ дар мамлакатамон замина фароҳам меоварад. Тағйир ёфтани шууру тафаккур ва ҷаҳонбинии халқ сарвати бузургтаринест, ки дар тӯли солҳои истиқлолият ба даст омадааст.
Таърихи башарият гувоҳ аст, ки ягон мамлакат дар танҳоӣ ривоҷ наёфтааст. Зеро, бисёр мушкилоти дунёи мураккаб бо роҳи ҳамкорӣ ва дӯстона ҳаллу фасл гардидаанд. Аз ин рӯ, дар сиёсати хориҷии Ӯзбекистони мо ба таъмини бехатарӣ, ризоияти байни миллатҳо, фарохдилии динӣ, риояи манфиатҳои тарафайн, таҳкими истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ рӯйи эътибор гардонда мешавад, ба тамоюлҳои на рақобат, балки ҳамкорӣ бо ҳамсоягон, дар якҷоягӣ ҳал кардани мушкилоти минтақа амал карда мешавад.
Дар натиҷаи чунин муносибати давлат ба халқ рӯҳияти одамон ҷиддан тағйир ёфт. Фаъолии иҷтимоии шаҳрвандон зиёд шуд, сатҳи огоҳии сиёсӣ боло рафт.
Тӯли 25 соли фаъолияти худ ҲСД «Адолат»-и Ӯзбекистон низ, ки дар майдони сиёсӣ бо ғояҳои халқпарвару ҳаётӣ ҷойгоҳу обрӯйи худро пайдо кардааст, дар роҳи рушди Ватанамон, бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд, ҷамъияти одили шаҳрвандӣ як қатор ташаббусҳоро ба ҳаёт татбиқ намуд. Дар фаъолияти ояндаи ҳизб низ таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва манфиатҳои қонунии ӯ, адолати иҷтимоӣ ва волоияти қонун дар ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаёт аз вазифаҳои устувор боқӣ хоҳад шуд.

Бояд фаромӯш накард, ки мо имрӯз дар замони нозуку пуртаҳлука ба сар мебарем. Дар шароите, ки дар гирду атрофамон хавфу хатар шиддат пайдо мекунад, мо бояд сарвати бебаҳотарин — сулҳу осоиштагиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.Таҳким бахшидани дӯстию ҳамҷиҳатии байни миллатҳову шаҳрвандон, ҳурмату эҳтироми тарафайн, огоҳдилона мубориза бурдан барои сулҳу осоиш имрӯз аҳамияти ҳалкунанда дорад. Инро бояд ҳар кадоми мо амиқ ҳис намоем. Ҳаминро ҳам бояд фаромӯш накард, ки имрӯз сулҳу осоиши мардум худ аз худ таъмин намегардад. Таҳким бахшидан ва ҳифзи истиқлолият вазифаи рӯзмарра боқӣ хоҳад монд. Зеро, Ту — манбаи қудрат, маскани саодатӣ, Ӯзбекистони азиз!

Гулруҳ АГЗАМОВА,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.(ӮзА)

Ҳамлаи мушакӣ ба фурӯдгоҳи Бағдод
Шахсони номаълум ба фурӯдгоҳи пойтахти Ироқ бо мушак (ракета) ҳамла карданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии Sky News Arabia хабар дод.
Ба фурӯдгоҳ ҳадди ақал дуто мушак афтодааст. Ҳанӯз дар бораи қурбониёну захмиён хабаре нест.
Ягон гурӯҳи террористӣ то ҳол масъулияти ин ҳамларо ба дӯши худ нагириифт.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 29 август дар наздикии сафорати ИМА дар Бағдод 4 мушак афтод.
Манбаъ: Регнум

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ