Бозиҳои олимпии наврасон соли 2022 доир намешавад

Бозиҳои олимпии наврасон соли 2022 доир намешавад

  • Post category:Варзиш

Сенегал ва Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) доир ба барҳам додани Бозиҳои олимпии наврасон дар Дакар соли 2022 ва баргузор намудани бозиҳо дар соли 2026 ба мувофиқа расиданд.
Президенти КБО Томас Бах баъд аз баррасии ҳамаҷонибаи ин масъала пешниҳоди президенти Сенегал Маки Саллро ҷонибдорӣ кард.
Ба таъхир афтодани Дакар-2022 имкон фароҳам меорад, ки КБО, кумитаҳои миллии олимпӣ (КМО) ва федератсияҳои байналмилалии варзишӣ фаъолиятҳои минбаъдаашонро беҳтар ба нақша гиранд, ки пас аз як сол таъхири Бозиҳои олимпии Токио-2020 ва чорабиниҳои бузурги варзишӣ бо сабаби пандемияи Covid-19 зарари ҷиддӣ диданд.
Дар ин муддат, ҳамчунин Сенегал ба Бозиҳои олимпии наврасон ҷиддӣ омодагӣ мебинад.
КБО ва Сенегал, медонанд, ки ин хабар барои бисёр варзишгарони ҷавон нороҳаткунанда хоҳад буд, фақат хостаанд ин тасмим дуруст дарк карда шавад. Ин созиш дар пайи бисёр масъалаҳои амалӣ роҳандозӣ шуд, ки КБО, КМО ва федератсияҳои байналмилалӣ пас аз ба таъхир андохтани Бозиҳои олимпии Токио-2020 рӯбарӯ гардиданд. Бо дарназардошти ин КБО дар оняда низ барои федератсияҳои байналмилалӣ, КМО ва ташкилотҳои қитъавӣ барномаҳои мукаммали омӯзишии марбут ба Бозиҳои олимпии наврасонро пешниҳод менамояд.
Созишнома 15 июл дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи КБО ҷонибдорӣ ёфт ва барои тасдиқ ба Анҷумани КБО, ки 17 июл доир мегардад, пешниҳод шуд.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ