Футболбози тоҷикистонӣ ба ҷамоаи “Навбаҳор”-и Намангон гузашт

Футболбози тоҷикистонӣ ба ҷамоаи “Навбаҳор”-и Намангон гузашт

  • Post category:Варзиш

Нимҳимоятгари бошгоҳи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе, ки соли 2018 беҳтарин футболбози Тоҷикистон эълон шуд, бо як ҷамоаи Ӯзбекистон созишнома баст.
Нимҳимоятгари тими мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон аз “Истиқлол”-и Душанбе ба ҷамоаи “Навбаҳор”-и Намангон гузашт.
Ташаббускори ин иқдом тими ӯзбекистонӣ будааст, ки ба бошгоҳи “Истиқлол” барои гирифтани Эҳсони Панҷшанбе пешниҳод кардааст. Раёсати “Истиқлол”, ки қаҳрамони Тоҷикистон мебошад, барои ин гузариш розӣ шудааст.
Дар пайи анҷоми расмиёт, Эҳсони Панҷшанбе бо тими “Навбаҳор” созишнома бастааст, ки муҳлати амалаш то охири соли 2022 дар назар аст.
Футболисти тоҷик дар пайи бозии дӯстонаи тимҳои мунтахаби Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки рӯзи 3-юми сентябр дар Тошканд дар назар аст, ба “Навбаҳор” мепайвандад.
“Навбаҳор” дар радабандии тимҳои Ӯзбекистон баъди анҷоми марҳилаи аввали қаҳрамонии кишвар дар мақоми 7-ум қарор дорад.

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ